ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН — АРЗИШИ ОЛӢ. Бардошт аз ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон
ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид ва барои амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Чунин баён гардид имрӯз зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳамоиш бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, зимни он иштирокдорон нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Он давоми солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад.
Ёдоварӣ шуд, ки Эъломияи Куруши Кабир нахустин маротиба ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд барои қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузошт.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намудааст. Ин муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.
Дар қонунгузории миллӣ тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Давлат ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, таҳсил, меҳнат, манзил, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз соли 1950 дар ҷаҳон 10 декабр Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дониста мешавад. Зеро ҳуқуқи инсон дастоварди умумии инсоният буда, халқҳои зиёд дар ташаккули он нақши муассир гузоштаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 10 декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон эътироф гардидааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






