ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1175 то 0.1178 сомонӣ муқаррар шудааст

Декабрь 24, 2025 08:05

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 9.2305 сомонӣ;

1 евро – 10.8874 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1178 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 9.2305 то 9.2800 сомонӣ;

1 евро аз 10.8874 то  11.0000 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0.1175 то 0.1178 сомонӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Декабрь 24, 2025 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш