Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ иштирок намуд

Декабрь 8, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи панҷуми Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҷаласа намояндаи Тоҷикистон дар мавзуи «Таҷрибаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид доир ба таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон» маъруза намуд.

Иброз гардид, ки ҳанӯз соли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» таҳия ва қабул гардида, муваффақона анҷом ёфт

Соли 2022 дар Тоҷикистон «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» қабул гарди. Ин дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи нахустин ба ҳисоб меравад.

Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ ба муаррифӣ намудани дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд мусоидат мекунад.

Дар ҷаласа 14 масъалаи алоҳидаи соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди баррасии аъзои Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дода шуд. Аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд