2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд

Январь 30, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам  ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ соати 08:00 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 доир мегардад.

Дар Агентии «Тоҷикстандарт» нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва  Донишкадаи исломӣ соати 11:00 дар Донишкадаи исломӣ доир мегардад.

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод соати 08:00 ва дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ соати 09:00 доир мегарданд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Январь 30, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад