35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд

Январь 23, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 23.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва масъулини Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагиву ободониро вусъат бахшидаанд. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар ҳудуди ин шаҳрак маъракаи ниҳолшинонӣ, аз ҷумла шинонидани дарахтони сӯзанбарг идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ медиҳад.

Бояд гуфт, ки то инҷониб роҳи асосии Адрасмон – Хуҷанд навсозӣ гардида, роҳҳои дигари маҳаллӣ низ, ки солҳои зиёд рӯйи таъмирро надида буданд, ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ мумфарш шуданд. Роҳи 6-километраи Адрасмон – Хуҷанд ба маблағи 6 миллион сомонии ҷамъкардаи сокинони шаҳрак ҳамвору мумфарш карда шуд.

Ҳамчунин бо кумак ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва волидайни хонандагон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 бо гармии мутамарказ таъмин гардид. Ҳамзамон бисёр синфхонаҳо, роҳгарду саҳни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12 ва 7 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бо сифати баланд таъмир карда шуданд. Соҳибкори дигари шаҳраки Адрасмон ба маблағи беш аз ним миллион сомонӣ варзишгоҳи замонавӣ сохта, ба истифода додааст. Ин варзишгоҳи муосир макони дӯстдоштаи насли наврас ва ҷавонон барои тамрин ва баргузор намудани ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ гардидааст.

Сокинони шаҳраки Адрасмон ва соҳибкорони он талош доранд, ки бо анҷоми дигар корҳои созандагиву ободонӣ то фарорасии ин ҷашни фархундаи миллӣ маҳалли хешро боз ҳам ободтару зеботар гардонанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Тайи панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд».

«То рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад», — хотиррасон намуданд Президенти мамлакат.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 23, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд