35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» вусъати тоза гирифтааст
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд сохтмони якчанд иншооти муҳим вусъати тоза пайдо намудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» босуръат идома дорад. Он бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ бунёд гардида, имкон медиҳад, ки дар як вақт беш аз 1000 нафар ба тамрин фаро гирифта шаванд. Дар назар аст, ки дар муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд майдони нави варзишии замонавӣ бо фарогирии тамоми шароити зарурӣ сохта шавад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд низ мутобиқи нақша идома доранд. Бунёди чунин иншооти замонавӣ ба фароҳам овардани шароити муносиби фаъолияти кормандон ва тақвияти ҳамкории иқтисодию соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Сир сохтмони тарабхонаҳои замонавии брендӣ идома дорад. Масъулини тарабхонаи брендии «Форел» тасмим гирифтаанд, ки иншооти нав бунёд намуда, самти фаъолиятро густариш диҳанд. Ин иқдом ба таъсиси ҷойи нави кор ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» низ татбиқи лоиҳаҳои нав идома дорад. Бо амалӣ шудани лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ва ҷойи нави кор таъсис меёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






