Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»

Январь 23, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 23.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» ба ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ- антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд, то ҳангоми истифодаи он дар ҳолати ногувор намонанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин агентӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои агентӣ, бо фаро расидани фасли зимистон ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт кӯшиш мекунанд, ки нақлиётро бо моеи зиддисардӣ — антифриз таъмин кунанд. Табиист, ки дар ин давра талабот ба моеи мазкур зиёд мегардад.

Аз ин рӯ, аз фурсат истифода карда, дар бозори дохилӣ баъзе фурӯшандагон навъҳои пастсифату ғайристандартии антифризро ба харидорон пешниҳод мекунанд.

«Гарчанде кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» теъдоди зиёди моеи зиддисардии антифризи ғайристандартиро аз нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо борҳо гирифта бошанд ҳам, баъзе фурӯшандагон барои ба даст овардани даромади муфт бештар ба чунин корҳо даст мезананд. Дар баробари ин, фурӯшандагоне низ ҳастанд, ки ҳангоми қабули молу маҳсулот ба сифату намуди мол беаҳамиятӣ зоҳир карда, дар натиҷа ба харидор зарари моддӣ мерасонанд», -омадааст дар муроҷиатномаи агентӣ.

Истифодаи антифризи ғайристандартӣ дар рӯзҳои сардӣ ба ҳолати воситаҳои нақлиёт зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, харидоронро зарур аст, ки ба тавсияҳои мутахассисон аҳамият дода, ҳуқуқҳои истеъмолиашонро ҳимоя кунанд.

Ронандагон бояд ҳангоми харидории антифриз ба сифати он диққат дода, аз харидани маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд. Инчунин  дар ҳолати поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии «Тоҷикстандарт» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 ва ё ба тариқи телефони 2-33-68-69, 2-33-44-99 муроҷиат намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 23, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст