АМАЛИ САВОБ. Сокини 80-солаи ноҳияи Тоҷикобод 50 ҳазор сомонияшро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд

Январь 9, 2026 16:00

ТОҶИКОБОД, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сокини 80-солаи деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод Маҳтов Шарипова 50 ҳазор сомонӣ маблағи барои ҳаҷ пасандозкардаашро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд.

Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод Дилшод Саломов, сокинони деҳаи Гулистон солҳои зиёд ба мушкилии нарасидани оби нӯшокӣ гирифтор буданд. Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон ва сокинони деҳа бо маблағи зиёда аз як миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз мавзеи Дашти боқӣ дар масоҳати 18 километр барои 143 хоҷагии деҳаи Гулистон хати оби нӯшокӣ кашида шуд.

Бояд гуфт, ки дар баробари сокинону соҳибкорон дар ин кори хайр саҳми Маҳтов Шарипова низ калон аст. Чунки ин модар маблағи барои ҳаҷи фарзӣ захиракардаашро садақаи ҷория намуда,  ба ин восита дар бартараф гардидани мушкилии сокинони деҳа саҳм гузошт.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод мегӯянд, ки сокинони ноҳия кори некеро пеша намудаанд. Онҳо  тасмим гирифтаанд, ки ба ҷойи додани таом дар маросими ҳафту чил ва соли наздиконашон як гӯшаи деҳаашонро обод намоянд. Аз ҷумла, сокини Ҷамоати Қалъаи ноҳия Муҳаммад Исматов ба ҷойи додани таом дар маросими ҳафт бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ 3 километр роҳи деҳаашонро шағалпӯш намуд.

Соли 2025 даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба хотири ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани шароити беҳтари зиндагӣ ба ин гуна амалҳои хайр машғул шуда, деҳаи худро обод намуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 9, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»