Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад

Январь 20, 2026 09:22

РАШТ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт  оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш бурда мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки ин стратегия ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки занон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, таҳкими оила ва таъмини баробарҳуқуқии гендерӣ равона шудааст.

Зимни вохӯриҳо аъзои гурӯҳҳои кории тарғиботӣ ба занону  духтарони ноҳия масъалаҳои мусоидат ба шуғли занон ва рушди соҳибкории онҳо, ҷалби занон ба даврҳои омӯзишии касбӣ, иштироки занон дар машғулияту машваратҳои омӯзишӣ, бохабар гардидани онҳо аз имтиёзҳои давлатӣ ва дигар имконоти мавҷударо мефаҳмонанд.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рашт Тутинисо Наимова иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 20 зани ноҳия ба хотири рушд додани соҳибкории хурду миёна ва оғоз намудани фаъолият дар соҳаҳои занбӯрпарварӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ ва дигар касбҳо соҳиби грантҳои президентӣ гардиданд. Ҳамчунин соли 2025 дар ноҳияи Рашт 1227 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардид, ки 450 нафараш занон мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Январь 20, 2026 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд