Барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Январь 15, 2026 10:49

ДУШАНБЕ, 15.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади андешидани тадбирҳои доимӣ дар самти бозомӯзии касбии омӯзгорон ва дар се сол як маротиба аз даврҳои такмили ихтисос гузаронидани онҳо соли 2024 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйир ворид гардида, гузаштан аз даврҳои баландбардории маҳорати касбӣ дар се сол як маротиба ба роҳ монда шуд. Дар ин самт аз ҷониби Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

— Аз ҷониби Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф «Тартиби бозомӯзии кормандони соҳаи маориф», «Тартиби курсҳои такмили ихтисос» ва зиёда аз 10 санади меъёрии локалии соҳа таҳия ва тасдиқ гардид. Фаъолияти мазкур бо назардошти пешравиҳои ҷаҳони муосир барои ҳарчи зудтар дастрасӣ пайдо кардани омӯзгорони собиқадори ғайриихтисос ба таҳсил ва тахассуси нав имкон медиҳад.

Ҳамзамон тибқи Стратегияи рушди донишкада дар самти дастрасӣ ба такмили ихтисос то соли 2030 шаклҳои зерини такмили ихтисос: классикӣ-рӯзона (анъанавӣ), омехта, фосилавӣ, дуалӣ ва худомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд. Дар айни замон дар донишкада шаклҳои классикӣ ва омехта ба роҳ монда мешавад. Танҳо соли 2025 зиёда аз 12 фоизи даврҳои омӯзишӣ ба тариқи омӯзиши омехта баргузор карда шуд. Барои омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик ва математика барномаҳои таълимӣ оид ба омӯзиши омехта ва фосилавӣ дар платформаи Мoodle таҳия гардиданд, ки соли 2026 ба таври омӯзиши ба роҳ монда мешавад. Инчунин зиёда аз 25 фоизи даврҳо ба тариқи омӯзиши омехта ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Зимни ба роҳ мондани такмили ихтисос дар шакли дуалӣ таҷрибаи муассисаҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Узбекистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, лоиҳаи барномаи намунавӣ мавриди коркард қарор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2025 маротибаи аввал дар ҷумҳурӣ барои дастрасӣ ба такмили ихтисос даврҳои нав:

— барои лаборантҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

— барои омӯзгорон ва кормандони зинаи таҳсилоти иловагӣ;

— барои мураббиён ва кормандони марказҳои инкишофи кӯдак;

— барои омӯзгорон ва кормандони марказҳои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илм;

— барои омӯзгорон ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо;

— вобаста ба солимии равонӣ барои кӯдакон ва оилаҳои таҳти таъсири муноқиша қарордошта;

-барои омӯзгорони кӯдакони ақлан заиф (олигофренопедагогика);

— барои кӯдакони нобино ва сустбин (тифлопедагогика);

— барои кӯдакони дорои норасоиҳои нутқӣ (логопедия)

-барои кӯдакони дорои норасоиҳои шунавоӣ (сурдопедагогика);

— барои омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (бо назардошти низоми таҳсилоти фарогир) ташкил карда, нақша ва барномаҳои таълимии онҳо таҳия ва тасдиқ гардида, пешбурди раванди таълим дар онҳо ба роҳ монда шуд.

Дар самти таъмини сифат ва самаранокии даврҳои такмили ихтисос бо мақсади таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимии даврҳои такмили ихтисос донишкада бо якчанд муассисаи такмили ихтисоси кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Маркази маҳорати педагогӣ ва Мактаби зеҳнии Назарбоеви Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия, муассисаҳои таълимии ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эфиопия ва ғайра дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳуми баимзорасида таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда, нақшаву барномаҳои таълимии даврҳои такмили ихтисосро дар шаклҳои нав мавриди коркард қарор дод.

Дар солҳои 2024-2025 дар асоси таҷрибаҳои омӯхташуда маҷмуи барномаи таълимӣ-методии намунавии даврҳои такмили ихтисос (дар мисоли омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик) аз ҷониби мутахассисони донишкада таҳия гардид, ки он аз қисмҳои зерин: барномаи таълимӣ, модули таълимӣ, роҳнамо барои тренер, презентатсияҳо (рӯнамо), маводи тақсимотӣ ва вазифаҳо барои муайян намудани сатҳи ноилшавӣ ба натиҷаҳои интизорӣ (барои омӯзгорон) иборат мебошад. Пас аз коркарди маводи мазкур соли 2025 он дар даврҳои такмили ихтисос дар шакли пилотӣ аз озмоиш гузаронида шуда, натиҷаҳои мусбат нишон дод.

Пас аз озмоиш барномаҳои зерин дар шакли модулӣ, ки аз ҷониби омӯзгорони донишкада ва мушовирони байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо лоиҳаҳо ва шарикони рушд даври такмили ихтисос барои омӯзгорони фанҳои физика ва астрономия, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, математика, забони тоҷикӣ, география, таърих, забони русӣ, забони англисӣ, директорони мактабҳо ва мушовирони раёсату шуъбаҳои маориф таҳия гардида, соли 2025 аз озмоишҳо гузаронида шуданд. Барои ба роҳ мондани омӯзишҳо 147 омӯзгори донишкада ҳамчун тренер аз ҷониби тренерони сатҳи байналмилалӣ аз омӯзиш гузаронида шуда, соҳиби сертификат гардиданд. Тибқи нақша, соли 2026 пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯйи ин барнома-модулҳо барои зиёда аз 30 фоизи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар доираи ҳамкории донишкада бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо омӯзгорони донишкада барномаҳои муштараки таълимии даврҳои такмили ихтисоси «Таҳсилоти томактабӣ: таҳлили равишҳои инноватсионӣ дар амалияи омӯзгорӣ», «Таҳсилоти фарогир дар мактаб: таҳлили равишҳои инноватсионӣ», «Ташкили кор бо кӯдакони лаёқатманд дар мактаб: таҳлили равишҳои инноватсионӣ дар амалияи омӯзгорӣ», фанҳои забони русӣ, география ва муовинони директор оид ба таълим таҳия гардида, дар асоси он омӯзгорон ва муовинони директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Данғара дар маҷмуъ зиёда аз 750 нафар аз омӯзишҳо гузаронида шуданд.

Соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Шурои Британия ва Донишкадаи таҳсили забонҳои Норвичи Британияи Кабир дар доираи татбиқи лоиҳаи «Омӯзиши босуръати забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» (AELLCA) даври омӯзишии такмили маҳорати касбии 5-рӯза барои 29 омӯзгор гузаронида шуда, онҳо ҳамчун тренер соҳиби сертификат гардиданд. Дар асоси маводи мазкур соли 2026 зиёда аз 1000 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ аз ҷониби тренерони донишкада дар доираи ин барномаи таълимӣ аз омӯзишҳо гузаронида мешаванд.

Дар самти рақамикунонии низоми такмили ихтисос дар донишкада 4 платформаи рақамӣ (Moodle, Takmil, ОmuzgorPRO ва СИРКО) коркард гардидааст. Дар платформаи СИРКО зиёда аз 23 ҳазору 978 омӯзгор ва 1513 роҳбалад ба қайд гирифта шудааст.

Платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» (СИРКО) коркард гардида, ба таври расмӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Татбиқи ин платформа дар низоми муосири такмили ихтисос муҳим мебошад. Дар платформа ҳама маводи таълимӣ, нақшаву барномаҳо, маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои омӯзгорони навовару эҷодкор гузошта шудааст. Илова бар ин барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ нақша ва барномаи таълимии даврҳои такмили ихтисос бо назардошти зеҳни сунъӣ таҳия ва тасдиқ гардид.

Ҳамзамон соли 2025 ба хотири рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар донишкада дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия барои 10 корманди донишкада дар доираи барномаҳои «Робототехника» ва «Ҳавопаймоҳои бесарнишин дар низоми таълими муттасили педагогика» даври омӯзишӣ баргузор гардид. Мутахассисони донишкада ҳоло ҳамчун тренер фаъолият намуда, дар таҳияи нақша ва барномаҳои таълимии даврҳои такмили ихтисос оид ба истифодаи «Робототехника» ва «Ҳавопаймоҳои бесарнишин дар низоми таълими педагогика» машғули кор ҳастанд.

Дар самти тақвияти низоми идоракунӣ ва маблағгузории такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф давоми солҳои 2024-2025 сохторҳои донишкада таҷдиди назар гардида, бо назардошти талаботи замони муосир, таҷрибаи муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафта ва имконияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва талаботи ҷомеа зиёда аз 30 санади меъёрии ҳуқуқии локалии самти такмили ихтисос таҷдиди назар, таҳия ва мавриди корбарӣ қарор дода шуд.

Наврӯз МИРЗОЗОДА,
ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2026 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ…». Фалсафаи амиқи ҳастӣ ва роҳнамо барои ҳифзи асолати миллӣ
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст