БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд

Январь 1, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Палатаи ҳисоб дастур доданд, ки натиҷаҳои шашсолаи татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардидаро доир ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ҳамаҷониба таҳлил карда, барои бартараф намудани камбудию монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо ин мақсад «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» қабул гардид. Дар марҳилаи аввал, яъне аз солҳои 2021 то 2025 аз ҳисоби буҷаи давлат ба маблағи 5 миллиону  298 ҳазору  605 сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ ва реактивҳои химиявӣ харида шуда, ба якчанд муассисаи таҳсилоти мамлакат ворид карда шуд.

Инчунин дар доираи амалишавии Барнома аз тарафи бахши идоракунии лоиҳаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 20 лоиҳаи байналмилалӣ 612 нафар олимони соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб карда шуданд.

Инчунин 18 лоиҳаи дигар аз буҷети давлат маблағгузорӣ шудааст, ки аксар иҷрокунандагони лоиҳаҳо олимону мутахассисони варзида мебошанд.

Бо мақсади иҷрои бандҳои Барнома, дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо 167 озмоишгоҳи илмию таълимии замонавӣ таъмин карда шуданд.

Дар доираи татбиқи Барнома дар сессияи баҳорӣ ва зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон 4752 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ иштирок намуд. Хонандагон дар 21 бахш, аз ҷумла астрофизика, гидрохимия, физика, математика, информатика, химия, тиб, биология, генетика ва биотехнология, экология, география, геология ва ғайра иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2020 Сарвари давлат зимни мулоқот бо олимони мамлакат иброз доштанд, ки «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад. Аз ин рӯ, мо рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро дар мадди аввал гузоштем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии босуръати мамлакат қарор дорад».

Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши  технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки барои омӯзиши он талоши бештар намоянд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки масъулин «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Ҳамзамон ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо сарпарастии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Он ба рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи мамлакат бахшида шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»
Арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор кафили имрӯзу фардои нусратёри мост
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?