Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал омодагии худро дар шаҳри Ҷакарта барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 идома медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 20 январ футзалбозони Тоҷикистон бозии санҷишии охирини худро дар доираи машқҳои дастҷамъӣ дар Индонезия анҷом доданд. Ҳарифи дастаи мо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 ба анҷом расид.
Қаблан дар Ҷакарта дастаи мунтахаби Тоҷикистон ду бозии санҷишии дигар анҷом дода, аз Қирғизистон (2:4) мағлуб шуд ва Индонезияро (3:1) шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 дастаи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






