Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 январ, соати 11:21 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон дар километри 526-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 259-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шуд.
Қувваи заминларза дар марказаш 6–7 балл, дар шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил дода, шиддати заминларза М=5,9 ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон ягон харобӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, хадамоти дахлдор назорати вазъи сейсмикиро идома медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






