Дар бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои Суғд корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади риояи қоидаҳои савдо, тарзи нигоҳдории маҳсулот, риояи талаботи қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Раёсати «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд дар якчанд бозор ва маркази савдои шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои тарғиботӣ ва омӯзишӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Мутахассисон дар бозор ва якчанд маркази савдо ва муассисаҳои хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзишӣ гузаронида, зиёда аз сад варақаи иттилотии «Тоҷикстандарт огоҳ мекунад»-ро бо шарҳу тавсияҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии фурӯшандагон ва масъулони бозорҳо паҳн намуданд.
Ҳамчунин соҳибкорон ва фурӯшандагонро даъват намуданд, ки дар вақти ба фурӯш баровардани маҳсулоти хӯрокворӣ талаботи қонунҳоро оид ба қоидаҳои савдо, пӯшидани либоси корию нишони сарисинагӣ, ҳамлу нақли маҳсулот, шароити нигоҳдорӣ, таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот ва пешгирии вуруди маҳсулоти пастсифат ба бозорҳо риоя намоянд.
Дар баробари ин аз харидорон ва шаҳрвандон дархост карданд, ки ҳангоми хариди ҳама намуди маҳсулот, бахусус маводи хӯрокворӣ ва таому нӯшокиҳо ҳатман ба сифат, муҳлати кафолат, санаи истеҳсол, муҳлати истеъмол ва маълумот дар бораи истеҳсолкунандаи он диққати ҷиддӣ диҳанд.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






