Дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бунёд, сохтмон ва таъмиру тармими 735 иншоот дар нақша аст. Тоо оғози соли 2026 790 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар шаҳраки Суғдиёни ноҳия сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад. Баъди ба истифода додани кӯдакистон 240 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Ҳамчунин дар шаҳраки Бӯстон корҳои таъмиру навсозӣ дар бинои муассисаи таҳсилоти томактабии №1 идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ 12 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, бо бунёди иншооти нав фарогирии кӯдакон боз ҳам беҳтар мегардад.
Сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ буда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд






