Дар ноҳияи Шаҳристон майдони дарахти себ зиёд карда мешавад

Январь 19, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иқлими ноҳияи Шаҳристон барои парвариши дарахтони себ мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ ҳамасола дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ин ноҳия бештар ниҳоли дарахти себ шинонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Зимни ниҳолшинонӣ иброз гардид, ки барои ба даст овардани ҳосили хуби меваи он бояд ба парвариши ниҳоли себ, интихоби ҷойи муносиб ва тайёр кардани замин аҳамияти аввалиндараҷа дод. Инчунин обёрии мунтазам, нуридиҳӣ, буридан (шаклдиҳӣ) ва муҳофизат аз бемориҳою ҳашарот аз ҷумлаи корҳои агротехникӣ мебошанд.

Дар вақти шинонидан бояд ниҳолҳои солим интихоб карда шаванд. Дарахти себ офтобдӯст буда, онро бояд дар минтақае, ки Офтоб бештар мерасад, шинонид. Дар вақти шинонидан заминро хуб нарм карда, компост ё поруи пӯсидаро омехта кардан зурур аст. Инчунин дар фасли баҳор бо нуриҳои нитрогендор ва дар тобистон бо нуриҳои калий ва фосфорӣ ғизо бояд дод. Дар охири зимистон ё аввали баҳор барои шакл додани дарахт ва беҳтар кардани ҳосилнокӣ навдаҳои он бояд бурида шаванд.

Имсол дар ноҳияи Шаҳристон беш аз ҳазорҳо бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо шинонида мешаванд. Ҳамчунин шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар шафати шоҳроҳҳо, талу теппаҳо, афзоиши майдони боғи себ, барқарорсозии боғоти кӯҳна ва корҳои хуррамгардонӣ тақвият дода шуда, ба ҳифзу барқарорсозии ҷангалзор ва иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 19, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд