Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Паём – меҳвари рушди ҷомеа» ҳамоиш доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Саноатсодиротбонк» хабар доданд, дар ҳамоиш иҷрои нишондиҳандаҳо ва паҳлуҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил додааст. Вале ҳамагӣ 38 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест».
Дар робита ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзиро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба низоми бонкӣ, пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам зиёд намудани пешниҳоди қарз ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тадбирҳои муассиру судманд ба роҳ мондааст. Дар натиҷа тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мунтазам рушд ёфта, пояҳои давлатдории миллӣ устувор гардиданд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»










Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд






