Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад

Январь 29, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Айнӣ 1, ноҳияи Шоҳмансур, дар мавзеи собиқ бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба фидокорӣ, садоқат ва хизматҳои шоистаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, барои наслҳои оянда намунаи ҷасорату мардонагӣ ва садоқату масъулиятшиносӣ мебошад.

Майори милтсия Мулло Нуров ҳамчун корманди бозрасӣ солҳои тӯлонӣ дар сафи мақомоти милитсияи пойтахт фаъолият намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, муносибати самимӣ бо шаҳрвандон ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи милитсия саҳми арзишманд гузоштааст.

Бунёди муҷассама бо гулгашт ба зиммаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе вогузор гардидааст. Он бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, ҳамчун макони таърихӣ ва саёҳат ба сокинону меҳмонони хориҷӣ хизмат менамояд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Январь 29, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад