Дар шаҳри Гулистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Занон дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон.
Иштирокчиён оид ба аҳамияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади роҳнамо ва ҳидоятгар барои рушди устувори ҷумҳурӣ, таҳкими иҷтимоӣ ва идомаи сиёсати созанда хизмат менамояд.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи фаъолияти занони меҳнатдӯст, нақши онҳо дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисод, ҳамчунин дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон суханрониҳо намуда, имконияти баробарро барои иштироки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт таъкид карданд.
Иброз гардид, ки зан-модар ҳамчун неруи созанда ва пуштибони оилаи солим низоми иҷтимоии мамлакатро мустаҳкам месозад ва пешрафти ҷомеа ба саҳми занон нигаронида шудааст.
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои пешбурди амалии ислоҳот, татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, тавсеаи имконияти занон ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлат хизмат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






