Дар Теҳрон маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид

Январь 8, 2026 10:07

ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар шаҳри Теҳрон Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва «Бунёди Рӯдакӣ»-и Эрон таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакиро бо иштироки донишмандону шоирон ва ҳаводорони шеър баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба мақоми устод Рӯдакӣ ба унвони «падари шеъри тоҷик» иброз дошт, ки устод Рӯдакӣ  нахустин ва бузургтарин шоири порсигӯ буд, ки бо халлоқият ва нубуғи шоиронааш барои ташаккул ва равнақи шеъри форсизабон хизмати беназир кард. Ӯ иқтидори  забони тоҷикӣ — форсӣ – дариро ба унвони забони шеър пас аз ду қарни тасаллути забони арабӣ дар паҳнаи шеъру адаби Эронзамин  ба таври комил ба намоиш гузошт.

Дар идома таъкид шуд, ки Рӯдакӣ анвои гуногуни шеърӣ, ба мисли қасида, ғазал, қитъа, маснавӣ ва рубоиро    дар беҳтарин ва расотарин навъ эҷод карда, низоми комили мавзуот, вазн, қофия ва саноеи бадеиро  дар шеъри тоҷикӣ — форсӣ вазъ намудааст. Ба ин маънӣ,  Рӯдакӣ  шоири роҳкушое буд, ки пасовандон дар арсаи шеъру шоирӣ солики роҳи ҳамворкардаи ӯ шуданд ва давоми ҳазор соли баъдӣ суннатҳои пайрезӣ намудаи падари маънавии худро идома бахшиданд.

Сафири Тоҷикистон  Рӯдакӣ ва рӯдакишиносиро яке аз муҳимтарин меҳварҳои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон номид ва пешниҳод кард, ки тавассути талошҳои муштараки донишмандони ду давлат девони ҷомеъ ва тасҳеҳёфтаи Рӯдакӣ ва китоби ашъори ҳамасрони ӯ бар мабнои нусхаҳои қадими хаттӣ, бахусус нусхаҳои «Луғати фурс», ки аз аслитарин манобеи ашъори аҳди Оли Сомон аст, таҳия гардад.

Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуд Шолуӣ иброз намуд, ки «қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ асри шукуфоӣ ва оғози ҳаракати бузурги шеъри форсизабон буд, шеъре, ки бо Рӯдакӣ оғоз шуда, бо Фирдавсӣ, Саноӣ, Аттор, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Низомӣ идома ёфт ва ба қуллаҳое расид, ки имрӯз ифтихори Эронзамин  ва ҷаҳони адабу фарҳанг мебошад».

Ӯ изҳор дошт, ки «Рӯдакӣ пайванди амиқе байни дилҳо эҷод кард ва ҳамин пайванд имрӯз дар муносибатҳои самимии байни Эрон ва Тоҷикистон ба таври возеҳ дида мешавад».

Дар қисмати дигари маҳфил Муртазо Амирии Исфандақа, шоири барҷастаи Эрон пас аз қироати шеъре дар васфи Тоҷикистон ва зикри таассуроти хеш аз сафараш ба диёри шеърпарвари Рӯдакӣ таъкид кард, ки «тоҷикон эҳтироми амиқ ба шеъру шоирон доранд ва ин нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон на танҳо номҳои таърихӣ ҳастанд, балки то ҳол дар зиндагии ҳаррӯзаи мардуми он сарзамин ҳузур доранд».

Дар ҳамоиш ҳамчунин донишманди маъруф, чеҳраи мондагори забон ва адаби форсӣ Алии Равоқӣ доир ба шеъру шоирии Рӯдакӣ дар заминаи китоби таҳиякардааш «Сурудаҳои Рӯдакӣ» изҳори андеша кард. Таъкид шуд, ки «Рӯдакӣ шоире аст, ки дар асрҳои сеюм ва чоруми ҳиҷрӣ бо забоне устувор ва андешаи амиқаш бунёни шеъри форсизабонро истеҳком бахшид ва дар ашъори боқимондаи ӯ густараи вожагонӣ ва тавони баёнии ӯ ошкор аст».

Дар фарҷоми маҳфил аз ҷониби гурӯҳи ҳунармандони «Бунёди Рӯдакӣ» барномаи мусиқӣ дар заминаи ашъори устод Рӯдакӣ ба ҳозирон пешниҳод гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Январь 8, 2026 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд