Дар Теҳрон маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар шаҳри Теҳрон Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва «Бунёди Рӯдакӣ»-и Эрон таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакиро бо иштироки донишмандону шоирон ва ҳаводорони шеър баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба мақоми устод Рӯдакӣ ба унвони «падари шеъри тоҷик» иброз дошт, ки устод Рӯдакӣ нахустин ва бузургтарин шоири порсигӯ буд, ки бо халлоқият ва нубуғи шоиронааш барои ташаккул ва равнақи шеъри форсизабон хизмати беназир кард. Ӯ иқтидори забони тоҷикӣ — форсӣ – дариро ба унвони забони шеър пас аз ду қарни тасаллути забони арабӣ дар паҳнаи шеъру адаби Эронзамин ба таври комил ба намоиш гузошт.
Дар идома таъкид шуд, ки Рӯдакӣ анвои гуногуни шеърӣ, ба мисли қасида, ғазал, қитъа, маснавӣ ва рубоиро дар беҳтарин ва расотарин навъ эҷод карда, низоми комили мавзуот, вазн, қофия ва саноеи бадеиро дар шеъри тоҷикӣ — форсӣ вазъ намудааст. Ба ин маънӣ, Рӯдакӣ шоири роҳкушое буд, ки пасовандон дар арсаи шеъру шоирӣ солики роҳи ҳамворкардаи ӯ шуданд ва давоми ҳазор соли баъдӣ суннатҳои пайрезӣ намудаи падари маънавии худро идома бахшиданд.
Сафири Тоҷикистон Рӯдакӣ ва рӯдакишиносиро яке аз муҳимтарин меҳварҳои ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон номид ва пешниҳод кард, ки тавассути талошҳои муштараки донишмандони ду давлат девони ҷомеъ ва тасҳеҳёфтаи Рӯдакӣ ва китоби ашъори ҳамасрони ӯ бар мабнои нусхаҳои қадими хаттӣ, бахусус нусхаҳои «Луғати фурс», ки аз аслитарин манобеи ашъори аҳди Оли Сомон аст, таҳия гардад.
Раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуд Шолуӣ иброз намуд, ки «қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ асри шукуфоӣ ва оғози ҳаракати бузурги шеъри форсизабон буд, шеъре, ки бо Рӯдакӣ оғоз шуда, бо Фирдавсӣ, Саноӣ, Аттор, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Низомӣ идома ёфт ва ба қуллаҳое расид, ки имрӯз ифтихори Эронзамин ва ҷаҳони адабу фарҳанг мебошад».
Ӯ изҳор дошт, ки «Рӯдакӣ пайванди амиқе байни дилҳо эҷод кард ва ҳамин пайванд имрӯз дар муносибатҳои самимии байни Эрон ва Тоҷикистон ба таври возеҳ дида мешавад».
Дар қисмати дигари маҳфил Муртазо Амирии Исфандақа, шоири барҷастаи Эрон пас аз қироати шеъре дар васфи Тоҷикистон ва зикри таассуроти хеш аз сафараш ба диёри шеърпарвари Рӯдакӣ таъкид кард, ки «тоҷикон эҳтироми амиқ ба шеъру шоирон доранд ва ин нишон медиҳад, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон на танҳо номҳои таърихӣ ҳастанд, балки то ҳол дар зиндагии ҳаррӯзаи мардуми он сарзамин ҳузур доранд».
Дар ҳамоиш ҳамчунин донишманди маъруф, чеҳраи мондагори забон ва адаби форсӣ Алии Равоқӣ доир ба шеъру шоирии Рӯдакӣ дар заминаи китоби таҳиякардааш «Сурудаҳои Рӯдакӣ» изҳори андеша кард. Таъкид шуд, ки «Рӯдакӣ шоире аст, ки дар асрҳои сеюм ва чоруми ҳиҷрӣ бо забоне устувор ва андешаи амиқаш бунёни шеъри форсизабонро истеҳком бахшид ва дар ашъори боқимондаи ӯ густараи вожагонӣ ва тавони баёнии ӯ ошкор аст».
Дар фарҷоми маҳфил аз ҷониби гурӯҳи ҳунармандони «Бунёди Рӯдакӣ» барномаи мусиқӣ дар заминаи ашъори устод Рӯдакӣ ба ҳозирон пешниҳод гардид.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон









Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






