Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, моҳи январ ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ (аз 15 то 31 январ) бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳавои моҳи январи имсола ба моҳи январи соли 2018 шабоҳат дорад.
Моҳи январ дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 5 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ дар рӯзҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад. Шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Шабона ва саҳаргоҳон фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ то 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо 1+2 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-6 дараҷа хунук мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 2+7 то 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 11-16 ва рӯзона то 1-6 дараҷа хунук мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ борон ва барф меборад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд дар назар дошта шуда, то 3-9 дараҷа хунук мешавад. Дар рӯзҳои боқимондаи моҳ ҳаво тағйир ёфта, шабона то 14 -19 ва рӯзона то 5-10 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, туман мефарояд.
Моҳи январ дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 14-17 дараҷа хунук мешавад. Давоми даҳрӯзаҳои аввал ва дуюми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, шабона то 22-27 ва рӯзона то 7-12 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Дар даҳрӯзаи сеюми моҳ, дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона то 30-35 ва рӯзона то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






