Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад

Январь 13, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 16 январ ҳарорати ҳаво дар мамлакат паст мегардад. Бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.

Дар вилояти Хатлон  15 ва 18 январ ҳаво тағйирёбанда шуда, 16 ва 17 январ дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 ва рӯзҳои 15 ва 17 январ дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Аз 16 то 18 январ ҳарорати ҳаво паст шуда, то 1+6 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд 16-17 январ дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад.  Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0+5 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои 16-18 январ ҳарорати ҳаво паст шуда, аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, 16-17 январ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, рӯзҳои 15-17 январ дар ноҳияҳои алоҳида то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм шуда, 16-18 январ аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Аз 16 то 18 январ рӯзона ҳаво 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

15 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, 16-18 январ дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Январь 13, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад