Дар Тоҷикистон ниҳолшинонӣ дар се марҳила гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ дар се марҳила гузаронида мешавад, яъне тирамоҳу зимистон, зимистон ва зимистону баҳор. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи кишоварзӣ.
Дар мамлакат аз лаҳзаи хазонрез шудани дарахтон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, дар фасли зимистон танҳо дар рӯзҳои гармӣ шинонидани ниҳол мумкин аст.
Ниҳол бояд аз 1,40-1,50 метр баландӣ дошта бошад. Инчунин ба решаи он низ таваҷҷуҳи бештар бояд дод. Дар ҳолати шинонидани ниҳол як ҳиссаро пору ва се ҳиссаи онро хок ташкил дода, то давраи сабзиш намии хок бояд нигоҳ дошта шавад.
Баландии ниҳолҳое, ки аз тухм парвариш карда мешаванд, бояд аз 110 то 150 сантиметрро ташкил диҳад. Қутр, яъне ғафсии он аз 15 то 25 милиметр бошад. Ҳамчунин решаи ниҳолҳо нағз инкишоф ёфта, аз 3-4 шохаи асосӣ бояд иборат бошад.
Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки барои аз ниҳолҳои шинонида ҳосили баланд гирифтан бояд ба тарзи буриши шохҳои он аҳамият дод. Зеро шохҳое ҳастанд, ки ҳосил намедиҳанд ва ба сабзиши дигар шохҳои ҳосилдеҳ монеа эҷод менамоянд. Бинобар ҳамин чунин шохҳоро тарзе буридан зарур аст, ки ба хушкшавии дарахт оварда нарасонад.
Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал ниҳолро карахт нигоҳ дошта, аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад. Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад.
Ниҳоят зарур аст, ки боғпарварон қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кунанд. Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва баландиҳои гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар бояд ба назар гирифта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул барои бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад






