Дар Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои томактабӣ меафзояд

Январь 30, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 30.01.2026./АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон ба 795 адад расидааст, ки дар муқоиса ба соли 2024 38 муассиса зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 ҳазору 154 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 182,7 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки барои ташаккули қобилияти зеҳнии хурдсолон марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.

Вазифаи муассисаҳои томактабӣ ба кӯдакон додани дониши замонавӣ, мукаммал сохтани маҳорату малакаҳои муайян, ҳозирҷавобӣ, ҳушёрию зиракӣ ва дигар сифатҳои ақлию зеҳнӣ мебошад. Зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 баён намуданд: «бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабиро таъмин намоянд».

Ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли 2022 «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» қабул шуда, дар ду марҳила амалӣ карда мешавад. Марҳилаи аввали барнома солҳои 2022-2024 татбиқ гардида, дар ин давра дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба маротиб афзоиш ёфт. Марҳилаи дуюми амалишавии барнома солҳои 2025-2027-ро дар бар мегирад.

Тибқи ин барнома, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Тибқи нақшаи барномаи мазкур, бояд соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 30, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад