Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 200 гектар ҷангалзор барқарор карда мешавад
ДУШАНБЕ, 08.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 200 гектар ҷангалзор барқарор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимони соҳаи кишоварзӣ таъкид менамоянд, ки ҳар дарахти ороишию сояафкан ва мевадиҳанда ва гулу буттагиҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешаванд, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошанд. Масалан, ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуданд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд. Саволе ба миён меояд, ки дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом намуди дарахтон хуб нашъунамо меёбад?
Ниҳолшинонӣ дар Бадахшон
Сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангал Турдалӣ Арабов иброз намуд, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва иқлим ниҳолшинонӣ охири моҳи март оғоз мегардад. Зеро минтақаи Бадахшон нисбатан сард буда, замистони тӯлонӣ дорад. Аз ин рӯ дар ин минтақа кишти зироат ва шинонидани ниҳолҳо нисбат ба дигар минтақаҳо дертар оғоз меёбад.
Дарахтони хоси минтақаи Бадахшон
Тавре мудири шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва ниҳолпарварии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҷалолиддин Фозилов иброз намуд, боғпарварон қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кунанд.
«Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва баландиҳои гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар бояд ба назар гирифта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Дар айни замон дар минтақаи Бадахшон тамоми намуди дарахтон, аз ҷумла дарахтони тухмакдор себ, нок, биҳӣ, зардолу шинонида мешаванд, ки ҳосили хуб низ медиҳанд. Инчунин дарахтони мевадиҳандаи тут ва олу хуб нашъунамо меёбанд. Хусусан, дар ноҳияи Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд», -афзуд Ҷалолиддин Фозилов.
Ба иттилои мутахассис, дар ин минтақа дарахтони чормағзӣ, аз ҷумла чормағзҳои ҳамелӣ ва юнонӣ шинонида мешаванд. Вобаста ба шароиту имконият бунёди боғҳои интенсивӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоят мувофиқ аст.
Сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангал Турдалӣ Арабов мегӯяд, ки ба иқлими минтақаи Бадахшон бештар ниҳоли дарахтони арча, сафедор, санавбар ва сарвинози шарқӣ хос аст.
Барои гирифтани ҳосили баланд чӣ бояд кард?
Ба тавсияи олимони соҳа, барои аз ниҳолҳои шинонида гирифтани ҳосили баланд бояд ба тарзи буриши шохаҳои он аҳамият дод. Зеро шохаҳое ҳастанд, ки ҳосил намедиҳанд ва ба сабзиши дигар шохаҳои ҳосилдеҳ монеа эҷод менамоянд. Бинобар ин чунин шохаҳоро тарзе буридан зарур аст, ки ба хушкшавии дарахт оварда нарасонад. Дар соли дуюми нашъунамои ниҳол дар мавсими зимистон зарур аст, ки шохаҳои калонро бурида, дарозии навдаҳои нав 25-30 сантиметр монда шавад, ки ин ба инкишофи шохаҳои нав мусоидат мекунад. Пас аз буридани навдаҳо бояд дар ҷойҳои бурида оҳак молида шавад, зеро ин кор навдаҳоро аз ҳашароти зараррасон муҳофизат мекунад. Имрӯзҳо баъзе нафарон ба ҷойи буридашуда хок ва лой мемоланд, ки ин қатъиян манъ аст. Агар ба ҷойи буридашуда оҳак намолем, он хушк шуда, макони ҳашароти зараррасон мегардад.
Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан зарур аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ба ақидаи коршиносон, ин амал ниҳолро карахт нигоҳ дошта, аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад. Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар боғ бунёд карда мешавад
Соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат беш аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад
Дар канори шоҳроҳи Чанок-Душанбе беш аз 5 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 бех арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Умари Хайём»-и шаҳри Душанбе 300 бех ниҳол шинонида шуд






