ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи мошингарди Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор беш аз 3000 бех дарахти арча шинонида мешавад

Январь 5, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 05.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз шоҳроҳи байналмилалии  Душанбе-Турсунзода то «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ», қад-қади роҳ дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонида мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Ҳисор.

Ин иқдом дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор амалӣ гардонида  мешавад.

Дар иртибот ба ин иқдом кормандони муассисаю ташкилот ва сокинони шаҳри Ҳисор рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашари ниҳолшинонӣ мебароянд.

Тибқи маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор, аз шоҳроҳи байналмилалии  Душанбе-Турсунзода то «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ», қад-қади роҳ беш аз 3000 бех дарахти арча шинонида мешавад.

То имрӯз аллакай зиёда аз 1650 бех ниҳол шинонида шудааст.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Ҳисор

Январь 5, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд