ДАРАХТ БИНШОН! Дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат беш аз 42 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар мавсими нииҳолшинонии имсола аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои системаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат зиёда аз 42 қитъа барои сабзазоркунӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин қитъаҳо шинонидани беш аз 42 ҳазор бех ниҳол дар нақша аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин агентӣ хабар медиҳад.
Зиёд кардани дарахтон ва сабзу хуррамгардонӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Зеро дарахтон ва буттазор заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об ва дигар равандҳои табиӣ ҳифз намуда, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мегарданд.
Бо ин мақсад дар Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шудааст. Ҳадафи он беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зист барои аҳолӣ мебошад.
Амалӣ намудани чорабиниҳои мушаххаси барнома ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди мамлакат, шинонидан ва парвариши дарахту буттаҳо дар ҳудуди ҳар маҳаллаю ҷамоат, идораҳои маъмурӣ, новобаста аз шакли моликият, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, заминҳои фонди давлатии ҷангал, шафати шоҳроҳҳо, роҳҳо, соҳили дарёҳо ва қад-қади ҷӯйборҳо равона гардидааст.
Татбиқи барномаи таҳиягардида такмили заминаи қонунгузории соҳа, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, нигоҳ доштани вазъи муътадили ҳавои атмосфера ва нигоҳдории тавозуни устувори табиӣ ва идоракунии оқилонаи олами набототро таъмин менамояд.
Мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасонии экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






