ДАРАХТ БИНШОН! Дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ оғоз гардид

Январь 12, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевагӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин иқдом дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир мегардад.

Баргузории ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2026 низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи маъракаи саросарии ниҳолшинонӣ  зиёд намудани майдони боғу ток, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, рушди содиротии мамлакат, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ, таъсис додани ҷойи нави кор, татбиқи иқтисоди «сабз», сабзазоркунӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ, пешгирии гармшавии иқлим, таназзули заминҳои кишоварзӣ ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера мебошад.

Имрӯзҳо боғпарварони мамлакат усулҳои нави боғдории ҳозиразамонро истифода намуда, боғҳои суперинтенсивӣ ва интенсивӣ бунёд мекунанд.

Инчунин ниҳолҳои сертификатсияшудаи навъҳои дарахтони мевадиҳандаи минтақабобу серҳосил ва ба тағйирёбии иқлим устувор, аз лиҳози иқтисодӣ самаранокро вобаста ба талаботи бозори содиротӣ бештар менамоянд. Зеро  иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдони боғу токзори ҳосилнокиашон баланд аз ҳисоби ниҳолҳои сертификатсияшудаи навъҳои серҳосил бунёд ва барқарор карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид. Тибқи он дар марҳилаи якум (солҳои 2025-2027) дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.

«Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» соли 2023 баён дошта буданд, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд