ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд

Январь 18, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст. Дар доираи он дар тамоми гӯшаю канори мамлакат ниҳолҳои гуногун шинонида мешаванд. Баъзе  сокинон бар ин назаранд, ки ба ҷойи ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз бояд майдони ниҳолҳои мевадиҳандаро зиёд намуд. Вобаста ба аҳамияти дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла дарахтони сӯзанбарг шарҳи олимони соҳаро пешниҳод менамоем.

— Дарахтони сӯзанбарг на танҳо аз ҷиҳати экологӣ, балки аз ҷиҳати иқтисодӣ  ва зебоии табиат низ аҳамияти бебаҳо доранд. Арча, санавбар ва дигар сӯзанбаргҳо қобилияти баланди мустаҳкам кардани хокро дошта, онро аз шусташавӣ нигоҳ медоранд. Инчунин чӯби он барои саноат хеле муҳим аст. Чӯби дарахтони сӯзанбаргро дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли асбоби мусиқӣ, ҷевон (мебел), сохтани пулҳо, мустаҳкам намудани даромадгоҳу нақби конҳо ва ба сифати симчӯб истифода мебаранд. Он оксиген ҷудо намуда аз атмосфера CO2-ро ҷаббида мегирад.

Дар корхонаҳои кимиёвӣ аз сӯзанбарг спирти техникӣ, равғани эфир ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Аз чӯби санавбар нахи сунъии абрешиммонанд ҳосил мекунанд. Инчунин аз он коғази хушсифат истеҳсол мегардад. Қиём ва шираи ҷалғӯзаи арчаро дар соҳаи тиб ҳамчун воситаи балғамрон ва пешоброн истифода мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ ҷалғӯзаи арчаро дар соҳаи коркарди моҳӣ, консервабарорӣ, гӯшту шир ва қаннодӣ истифода мебаранд.

Равғани эфири аз баргу навдаи арча бадастоварда дорои хусусияти антисептикӣ буда, онро дар соҳаи байторӣ (ветеринарӣ) ва ҳамчун пасткунандаи дард барои табобати касалии тарбод (ревматизм) истифода мебаранд. Дар заминаи равғани эфир малҳами арча тайёр карда шудааст, ки воситаи хуби табобати ҷароҳат ба ҳисоб меравад.

Исбот гардидааст, ки сайру гашти мунтазам ва тӯлонии ҷангал ё боғу гулгашт беш аз ҳар намуди  доруворӣ ба саломатии инсон таъсири нек дорад. Ҳама намудҳои сӯзанбаргҳо аз худ бӯйи гуворо ихроҷ мекунанд, ки инсонро ором ва эҳсоси изтиробро дур месозанд. Сайругашт дар ҷангалзори пур аз дарахтони ҳамешасабз хастагиро рафъ, табъро болида ва чашмро пурнур мекунад. Агар маърифати экологии мардум баланд шудан гирад, шоҳиди он хоҳем шуд, ки солҳои наздик талу теппаҳои урёну бедолу дарахт сабзпӯш гардида, боиси покизагии ҳавои атрофи шаҳрҳо ва беҳтаршавии саломатии аҳолӣ мегардад.

ПИХТА. Он (як намуди сарв) яке аз дарахтони муҳими сӯзанбаргӣ мебошад. Ба таъкиди  олимони соҳаи биология, дарахтони пихта то 600-700 сол умр мебинанд. Бинобар хосияти табобатӣ ва ҳавотозакунӣ доштанашон шинонидани ниҳоли пихтаро дар саҳн ва атрофи беморхонаҳо, мактабҳо, муассисаҳо, маҳаллаҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии мардуми зиёд тавсия медиҳанд. Пихта ҳаворо аз чангу ғубор, мағор ва бактерияҳои бемориовар тоза мекунад. Равғани эфири пихта хосияти бактериякушанда, фунгисидӣ ва зиддивирусӣ дорад. Ҳангоми истифода кардани равғани пихта хавфи гирифтории бемориҳои шадиди роҳи нафас 32-44 фоиз ва зуком 24-48 фоиз кам мешавад.

АРЧА. Ин дарахти ҳамешасабз низ хосияти зиёди табобатӣ дорад. Дар тибби мардумӣ бо ҷӯшобаи муғча ва ҷалғӯзаҳои наврустаи арча бемориҳои сили шуш, бронхит ва дарди банду буғумро муолиҷа мекунанд.

Арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Решаи пурқуввати он ба қаъри замин чуқур рафта, инчунин аз ҳисоби решаҳои паҳлугии тирреша ба атроф васеъ паҳн мешавад. Чунин тарзи решаронӣ ба арча имкон медиҳад, ки об ва моддаҳои ғизоиро аз хокҳои нисбатан камғизо ҷаббида гирад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратуни кӯҳсор нағз тоб меоварад.

САВР.  Ин дарахт дар мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз замонҳои қадим маъмул аст. Ба ақидаи табибони халқӣ, барги сарвро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, захми рӯдаҳоро шифо меоварад. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонанд, барои захми милки дандонҳо дору мебошад. Барги сарвро сӯхта, ба захм бипошанд, онро сиҳат мекунад.

САНАВБАР. Дар Тоҷикистон зиёда аз 60 намуди он маъмул аст. Ба тавсияи табибони мардумӣ, барги хушки санавбарро кӯфта бипошанд, ҷои чокшуда ва даридаи пӯстро сиҳат мекунад, барги тару тозаи онро дар об ҷӯшонда, бо он об ғусл кунанд, мондагиро бартараф месозад, баданро аз чирк пок ва бадбӯии арақи танро дафъ менамояд.

Барги тари санавбарро кӯфта, гузошта банданд, хунравии ҷароҳатро манъ мекунад. Мағзи донаи санавбарро бихӯранд, қувват мебахшад, иштиҳо меорад, асабҳоро қавӣ мегардонад, барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, кузоз, дарди буғумҳо ва бемориҳои ҷигар фоидаовар мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 18, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об