Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба шаҳри Гоаи Ҳиндустон сафар кард, ки дар он ҷо барои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 машқҳои дастҷамъӣ мегузаронад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин ҷамъомад наврасони мо бо ҳамтоёнашон аз Ҳиндустон ду рақобати санҷишӣ анҷом медиҳанд. Ин вохӯриҳо 29 январ ва 1 феврал ба нақша гирифта шудаанд.
Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 12 феврал ҳангоми қуръакашии расмии мусобиқа муайян карда мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






