Дар Душанбе масъалаи идоракунии обҳои зеризаминӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

Январь 26, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 26.01.2027 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти институт бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ — Cowater International, Survey Geological of Finland (GTK), HELVETAS ва Alterra баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Ташаббуси минтақавии идоракунии обҳои зеризаминӣ дар Осиёи Марказӣ (RGWMI), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) дар Осиёи Марказӣ амалӣ мегардад, баррасӣ карда шуд.

Ин ташаббус ба идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими иқтидори илмию техникӣ равона карда шудааст.

Ҷонибҳо нақши муҳими муассисаҳои илмиро дар гузаронидани таҳқиқот, табодули дониш ва ташаккули заминаи далелҳо таъкид намуда, барои ҳамкории минбаъда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 26, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид