«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст

Январь 10, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 10.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити мураккаби равандҳои ҷаҳонӣ, афзоиши таҳдидҳои мафкуравӣ ва густариши ифротгароии динӣ, масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат аҳамияти хосса касб менамояд. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳо таъкид намудаанд, ки дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавед. Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест. Сарвари давлат 9 марти соли 2024 зимни вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон». Ин суханон ҳамчун рукни асосии давлатсозӣ ва кафили сулҳу суботи ҷомеа аҳамияти бузург доранд. Дар ин замина хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода мусоҳиба анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Ба назари Шумо, моҳияти аслии ин сухан дар чист?

Абдураҳим Холиқзода: Бо дарки таҳдиду хатарҳои замони муосир Пешвои миллати мо илман асоснок, таърихан мантиқӣ, аз лиҳози сиёсӣ мусбат ва аз назари эътиқод боинсофона таъкид намуданд, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон!». Зери ин шиор бори вазнини масъулияти худшиносӣ, давлатсозӣ, эҳтиром ба боварҳои мардумӣ ва тинҷию амонии мафкуравӣ ниҳода шудааст. Худошиносӣ аз худшиносӣ оғоз меёбад. Дар ҳадиси Паёмбари ислом омадааст: «Касе, худро шинохт, Худоро мешиносад». Миллати мо ҳастии мост, шинохти мо аз худамон, аз таърихамон, аз забонамон, аз фароҳангамон, аз давлату аз миллатамон, аз расму оинамон, аз суннату анъанаҳои деринаи миллиамон оғоз меёбад ва баъд то ба даргоҳи муъминию мусулмонӣ ва худошиносии мо рафта мерасад.

Аз лиҳози шаклӣ ва мазмунӣ низ тавре, ки муҳаққиқон иброз доштаанд, миллат ва арзишҳои миллӣ шакл ё қолаби нахустини ташаккули маънавии инсон мебошанд, ки ба ҳаёти моддии ӯ мазмун мебахшанд. Эътиқод ва боварӣ танҳо баъд аз забон ва мансубияти миллӣ шакл мегиранд. Инсон нахуст бо забонаш ба иҷтимоишавӣ оғоз мекунад ва мазмуни зиндагии худро меҷӯяд. Сипас ба синни муайян расидан думболи ҷустан ба саволҳое мешавад, ки дин ба ӯ ҷавоб медиҳад. Дигар ин ки ҳар инсон ба ҳар бовару эътиқод маҳз тавассути вожаю мафҳумҳои забонӣ ворид мешавад. Забон аст, ки роҳи динро ба тафаккури инсон боз мекунад. Гузашта аз он арзишҳои миллӣ ва иҷтимоӣ инсонро ба иттиҳоди сиёсӣ меорад, вале боварҳои динӣ онҳоро дар сатҳи эътиқод ва боварҳо нигоҳ медоранд.

Аз лиҳози маънӣ низ касе, ки ба қадри бародару хоҳар ва ҳамватани худ намерасад, касе, ки шукронаи ватани худро ба ҷо намеорад, касе ки неъмати тинҷию амонии давлаташро намешиносад, нафаре, ки Ватанашро дарк намекунад, ҳифз намекунад, касе, ки забонро намедонад, қоидаю имлояшро намефаҳмад, ӯ аз куҷо динро медонаду ба қадри дигар муъминон расида, Худоро мешиносад?!

Ба ёд оред лаҳзаеро, ки Паёмбари гиромиро аз шаҳри Макка ронданд, он кас аз ғори Савр берун шуда, дар минтақаи «Ҷуҳфа», байни Маккаву Мадина қарор гирифтанд, роҳи Маккаро нигоҳ карда, маҳзун шуданд, дил ба ватан майл намуд, зодгоҳ ва манзили аҷдодонашонро ба ёд оварданд. Бо оҳи сарду чашмони пуроб ба сӯи Макка – ба ватани худ нигоҳе карданду гуфтанд: «Чӣ қадар шаҳри поку хушбӯе ҳастӣ ва дар қалби ман чӣ аҷаб маҳбубӣ. Туро ман дӯст медорам!!! Агар қавмат маро аз ту намеронд, ҳаргиз ба ҷуз аз ту маконеро маскан намекардам». Ин буд, ки Ҷабраил нозил шуд ва пурсид: Муштоқи ватан ва зодгоҳат шудӣ? Паёмбар (с) посух доданд: Бале! Ва дар ҳамин вақт нисбат ба меҳри Паёмбар бар ватанаш ояте нозил мешавад, ки бозгашти ӯро ба зодгоҳаш муқаррар месозад:

«Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба зодгоҳат бармегардонад! (Сураи «Қасас», ояти 85).

Ё ба ёд орем, ки чӣ тавр аз эҳсоси меҳри Паёмбари ислом ба ватанаш Худованди бузург қиблаи муъминонро табдил дод. Пас аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара Паёмбари ислом пайваста бо меҳр ва иштиёқи хос ба сӯи ватани худ дида медӯхт. Ва эҳсоси ҳамин меҳру муҳаббати Паёмбар бар ватанаш буд, ки Худованди азза ва ҷалла қиблаи муъминонро ба сӯи ватани ӯ гардонд:

«Ба дурустӣ ки мо гаштани рӯи туро дар ҷониби осмон мебинем. Пас, албатта, туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ (ишора ба зодгоҳи Паёмбар аст). Пас рӯи худро ба тарафи Масҷиду-л-ҳаром бигардон; ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯйҳои худро ба тарафи вай бигардонед» (сураи «Бақара», ояти 144). Худованд ба хотири меҳри ватани расулаш қиблаи муъминонро тағйир дод.

Магар ин ҳама гувоҳӣ аз мақому мартаба ва афзалияти ватану миллат бар дигар арзишҳо нест? Ин аломати муҳимми миллатдӯстӣ ва ватандӯстист.

Тарзе Амир-ал-муъминин Алӣ ибни Абутолиб гуфтааст: «Дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст». Мусулмонии мо вақте комил мешавад, замоне дуруст аст, ки мо ба қадри падару модари худ расем, ҳурмати эҳтироми бародару хоҳарро ба ҷо оварем, худро ҳамчун миллат шиносем, Ватан ва сарзаминамонро мисли гавҳараки чашм ҳимоя кунем. Ин ҳамон арзишҳое ҳастанд, ки ҳам қонуни башарӣ, ҳам таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҳам ахлоқи инсонӣ ва ҳам Худованди бузург афзалияту бартариашонро барои мо муқаррар кардаанд. Маҳз бо дарки ҳамин масъулиятҳо ва ҳамин арзишҳо мо «нахуст тоҷикем, баъд мусалмон»!

АМИТ «Ховар»: Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо то кадом андоза ҳифзи решаҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати сиёсӣ метавонад омили асосии таҳкими худшиносии миллӣ, пойдории соҳибихтиёрии давлат ва муқовимат бо таҳдидҳои мафкуравии муосир бошад?

Абдураҳим Холиқзода: Афзалияти мансубияти миллӣ ба унсурҳои муайяни фарҳангӣ ва таърихӣ такя мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз сӣ сол мешавад, ки дар ин самт моро ҳушдору бедор менамоянд. Чунки медонанд, ки иллати набудани унсурҳои хотираи таърихӣ ва фарҳанги миллӣ заъфи соҳибихтиёрии миллат аст.

Дар назари аввал бояд дарк кард, ки таваҷҷуҳ ба таърих, ба эҳёи хотираи таърихӣ ва арҷгузории сатҳи миллию байналмилалии дастовардҳои ниёгон, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид мекунанд, ин кӯшиш дар масъалаи зинда ва барқарор кардани хотираи таърихии миллат барои бузургманишии халқу барқарории ҳақиқати таърихӣ ба танҳоӣ нест. Ҳарчанд, ки ин ҷанбаҳо низ зарурат дошта, аз аҳамият дар умум холӣ нестанд.

Муҳимтар аз ҳама, вазифаи ҳифзу омӯзиши хотираи таърихӣ бедор кардани масъулияту рисолати давлатсозии халқ; сабақ бардоштан аз дастоварду таназзулҳои миллат дар масири таърих, дарку ҳазм кардани омилҳои рушду шикасти халқ дар шоҳроҳи давлатдорӣ, таҳлили сарчашмаҳои рушду манбаъҳои фарҳангӣ, соҳибӣ кардани фарҳанги моддӣ ва маънавии ниёгон аст, ки дар заминаи он миллати сиёсӣ унсурҳои шинохти маънавӣ ва моддиашро пурра карда, барои худ сипари маънавии ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва соҳибихтиёрии миллатро таъмин мекунад.

Дар ин маҷрои ноҳамвори таърихӣ борҳо фарзандони миллати мо бо ҷурми яксӯгароӣ қабои фарҳанги миллӣ ва динии шинами худро пора –пора кардаанд. Аз ин қарина суханони Сарвари давлат, ки «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» бо далелҳои мантиқӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар сатҳи баланди ҳикмати амалӣ санҷидашуда мебошад.

Бе соҳибихтиёрии миллӣ соҳибихтиёрии давлатии халқ номумкин аст. Воқеият нишон медиҳад, ки халқу миллатҳое, ки соҳибихтиёрии халқӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ доранд, вале соҳибихтиёрии миллиашон устувору решабатаърих нест, пояи давлатдориашон чун патакрешаи маънавӣ бо нахустин шамолҳои ғаразноки сиёсӣ аз бехаш канда мешавад.

АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо сабабҳои аслии парокандагии маънавӣ ва фарҳангии баъзе ҷомеаҳо дар давраи муосир дар чист?

Абдураҳим Холиқзода: Ҳодисаҳои нохуше, ки дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 дар аксар давлатҳо ба амал омаданд, маҳз бо ҷурми набудани соҳибихтиёрии миллӣ рух доданд.

Дар маҷмуъ олам ба бемории азими иҷтимоӣ гирифтор аст, ки сирояти он ба фарҳангҳои миллӣ, режимҳои давлатдорӣ, ҳуқуқ, ҷаҳонбинии динӣ ва дигар унсурҳои ҳувиятсози иҷтимоӣ сахт эҳсос шуд. Боиси таассуф он аст, ки ин беморӣ на аз заъфи давлатҳои миллӣ, балки аз нафси давлатҳои ҷаҳонӣ ғизо гирифтааст.

Пешвои миллати мо ин тамоюлҳои ноорому пуртазоду шигифтангезро қаблан фаҳмиданд ва миллатро сари вақт ба ҳушёрию зиракӣ ва худшиносию худогоҳӣ даъват намуданд: «Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем».

Иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муносибат ба таърих, тамоюли сиёсати маънавии давлатбунёдӣ миллати тоҷикро ба муҳимтарин бахши маънавии соҳибихтиёрӣ ба фарҳанг ва таърихи миллат устувор васл намуда истодааст. Сарвари давлати тоҷикон вобаста ба шароити таърихӣ, норомии вазъияти ҷаҳонӣ ва худсариҳои қудратҳои бузург омили аслии парокандагии халқу миллатҳоро комилан дуруст пешбинӣ намуда, ширеши маънавии васли миллати сиёсиро аз ҳама сарчашмаҳои фарҳангӣ мақсаднок ҷустуҷӯ менамоянд. Ақлу хирад, илму дониш ва таҷрибаю таърих ҳамчун унсурҳои афзали ташаккули миллати сиёсӣ ва соҳибихтиёр дар рӯзномаи давлатсозии халқ дар ҳама зинаҳои таҳсилот ва барномаҳои давлатӣ ба расмиёт дароварда шуда, бо усули ҳавасмандгардонию боварнамоӣ тарғиб мешаванд.

АМИТ «Ховар»: То кадом андоза бегонапарастӣ, таассуби динӣ ва хурофот метавонанд ба амнияти маънавии ҷомеа таҳдид намоянд?

Абдураҳим Холиқзода: Сиёсати давлатсозии Сарвари давлати тоҷикон дар шароити муосири асри ХХ1 ба қаъри таърихи шашҳазорсолаи миллат рӯ оварда, барои ҳифзи маънавии миллати сиёсӣ ба бузургтарин арзишу воситаҳои фарҳангию ахлоқии ниёгон такя намуд. Бо ҳама дастоварду пешравиҳо Тоҷикистон дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Воқеият гувоҳи он аст, ки ҳанӯз ҳам дар самти ташаккули мафкураи солими миллӣ дар ҷомеаи муосири мо мушкилиҳо кам нестанд. Ҳодисаҳои тамоюли тундравии эътиқодӣ, таассуби динӣ, хурофоти боварҳо, бегонашавии фарҳангӣ, бегонапарастӣ дар сару либос ва ба тадриҷ дур шудани иддае аз ҷавонон аз илму дониш дар қатори музаффарияту дастовардҳои истиқлоли мо аз холигиҳо ва нуқси ҷиддии фазои мафкуравии маънавии халқи мо боқӣ мемонад.

Бузургтарин восита, муҳимтарин шоҳроҳ ва асоситарин далели муқовимат бо ин иллату нуқсҳо, ба назари ин ҷониб, консепсияи давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар он беҳтарин арзишу неъматҳои маънавии ҳидоятсоз чӣ аз тамаддуни миллӣ ва чӣ башарӣ дар партави воқеияти ҷаҳони муосир мувофиқ ба манфиатҳои миллии давлати мо таҳия ва коркард шудаанд. Моро зарур аст, ки ба нуктаҳои тақдирсозу таърихсозу тамаддунофари он ҷиддӣ, устувор ва бо садоқат сару кор гирем.

Мусоҳиб Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо баргузор мегардад