Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) Александр Де Кроо мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти минбаъдаи шарикии тӯлонӣ байни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар самтҳои авлавиятнок, аз қабили тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, мудирияти захираҳои об, рақамикунонӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ, инчунин густариши истифодаи энергияи «сабз» баррасӣ карданд.
Ҷонибек Ҳикмат ва Де Кроо бо тасдиқи аҳаммияти «Ташаббуси СММ-80» барои ҳамкорӣ дар раванди амалисозии ин иқдом изҳори омодагӣ намуданд.
Дар анҷоми мулоқот намояндаи доимии Тоҷикистон мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Александр Де Крооро барои иштирок дар Конфронси 4-уми оби Душанбе, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мешавад, даъват кард.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






