Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба инъикоси нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар васоити ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре таъкид гардид, дар шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир бояд намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ҳифзи суботу оромӣ, арзишҳои миллию таърихӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ ва дастоварду музаффарияте, ки халқи тоҷик дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба он ноил гардид, бо мақолаю навиштаҷоти таҳлилӣ дар саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва инчунин бо таҳияи барномаҳои ҷолиби радиоию телевизионӣ ба роҳ монда, дар маҷмуъ дар мукаммал ва пурра намудани фазои иттилоотии мамлакат нақши муассир гузоранд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа иброз гардид, ки роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои тарғибу ташвиқи густурдаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ намудааст. Барои тавзеҳи ин нақша давоми сол дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бо иштироки аҳли қалам ва ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ҳамоишу ҷамъомадҳо гузаронида мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар радифи натиҷагирӣ аз дастоварду пешрафтҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардида, дар пойтахти Тоҷикистон бо мақсдаи ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шаванд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бояд намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат дар самти таблиғи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, раванди бунёдкорию созандагӣ, иқдоми глобалии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, бунёди иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳифзи анъанаю фарҳанги миллӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа фаъол бошанд.
Таъкид гардид, ки соли 2026 барои миллати тоҷик соли муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро дар ин сол мардуми тоҷик 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург ҷашн мегиранд ва тарғибу ташвиқи ин ҷашни умумимиллӣ ва дар маҷмуъ амалӣ намудани ормону ҳадафҳои миллӣ аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон масъулияти бештар тақозо менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






