НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маъмулан ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои мардум муждаҳои шодибахш дорад. Паёми нав ҳам чанд муждае дошт, ки ба ҳамаи мо руҳу тавони тоза бахшид. Дар соли 2027 ба ҳаракат омадани чархаи сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз ин башоратҳост. Чунин омадааст дар мақолаи муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиби ЛУҚМОН, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола манзур мегардад.
— «Роғун» -ин неругоҳи бузург, ки ба користони шуҷоату матонат табдил ёфтааст, бо қуввати бозу, хираду заковати худи мо бунёд мешавад ва намоди қудрати руҳи тоҷикон аст.
Ба ёд оред, ки барои бунёди он чӣ монеаҳое дар роҳи мо буданд ва имкон намедоданд, ки ин кохи рушноӣ сохта шавад. Ҳатто зумрае аз дохилу берун ба чашми тардид менигаристанд ва бовар надоштанд, ки тоҷикон ба бунёди чунин неругоҳи бузург қодиранд.
Ба бахти мо, тасмими ҷиддиву азми қатъии Пешвои миллатамон дар роҳи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» боис шуд, ки ормони деринаи халқи тоҷик амалӣ гардад. Маҳз бо эҳтимом ва талошҳои Роҳбари давлатамон кори бунёди ин неругоҳ аз сар гирифта шуд ва дар муддати кӯтоҳ мо тавонистем ду агрегати онро ба кор дарорем. Ин «тамаддуни зеризаминӣ» ҳамаро ба ҳайрат овард ва қудрати тоҷиконро чун миллати созандаву бунёдгар ба намоиш гузошт:
Ҳам забони шабпарастон баста шуд,
Ҳам тилисми тирагӣ бишкаста шуд.
Ҳоло дар ин неругоҳ беш аз 18 000 нурофарон заҳмат мекашанд, ки бештари онҳо тоҷиконанд. Ин ҳам нуктаи бисёр муҳим аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ мужда доданд, ки соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад ва ба ин васила Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ мерасад. Пирӯзии нур бар зулмат, ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозияш ҳамин аст! Ба назари мо, бунёди ин неругоҳ ва чароғону нуристон шудани Тоҷикистон дар ояндаи наздик яке аз марҳалаҳои дурахшонтарини даврони соҳибистиқлолист, ки ба ному корномаи Пешвои миллат марбут аст.
Агар китобҳои солҳои охир нашршудаи адибон ва нашрияҳои адабиамонро варақ бизанем, мебинем, ки дар бораи “Роғун” қиссаву ҳикояҳо, достону манзумаҳо, шеърҳо ва мақолаҳои бисёре навишта шудаанд. Ҳар адибе ба қадри тавони хеш аз ин мазҳари образҳо ва симоҳои хотирнишин чизҳое ҷамъ овардаю тасвир кардааст. Маҷмуи ин осори таълифшуда метавонад мавзуи рисолаи муфассали илмӣ бошад. Муҳим ин аст, ки аз диди адибонамон «Роғун» фақат манбаи тавлиди барқ нест, балки намоди ваҳдату ҳамдастӣ, «кохи нур»-и ормонӣ, користони мардонагиву ҷасорат ва арсаи нангу номус аст. Бо он ки дар бораи ин корзори нангу номус асарҳои зиёде эҷод шудаанд, фикр мекунем, мо ҳанӯз ба осоре, ки бузургию шаҳомати «Роғун»-ро ба таври бадеитару ҳунармандонатар бозтоб диҳад, ниёз дорем. Тақрибан асаре дар ҳадди «Об-рӯшноӣ»-и зиндаёд Муҳиддин Хоҷазод ё достони комилу расое зарур аст, ки образҳову симоҳои ҷолибу хотирмон дошта бошад ва зуд фаромӯш нашавад. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки мо, адибон, ҳанӯз аз «Роғун» қарздорем.
Акнун ба нуктаҳои дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ишора мекунем. Маориф чун аз яке соҳаҳои муҳимтарин ҳамвора дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлатамон қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ бо дилсӯзию ғамхорӣ таъкид намудаанд, ки танҳо насли донишвару маърифатнок метавонад ояндасоз бошад. Суханони Сарвари давлат дар ин маврид мазмуни ҳидоятгарона ва оҳанги ҳушдор доранд. Зеро мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки аз чор сӯ хатар меборад ва танҳо донишу маърифат метавонанд сипару балогардон бошанд. Пешвои миллат дар ин маврид иброз доштанд, ки «фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад». Ин суханон бо фармудаҳои бузургони гузаштаамон дар бораи хираду дониш ҳамхонии комил доранд ва метавонанд барои наврасону ҷавонон чароғи ҳидоят бошанд.
Вақте Пешвои миллат бесаводиро сабаби гаравидан ба таассубу хурофот медонанд, ин нуктаро набояд сода гирифт. Мо шоҳидем, ки солҳои охир бархе раҳгумзадагон аз ғофилию ноогоҳӣ чӣ гуна ба доми таассуб меафтанд. Назари иҷмолӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ кофист, ки афкори хурофотии ин тоифа маълум шавад. Ҳодисаи аз тарафи як муҳоҷир ҳарфи қабеҳ шунидани духтаре дар Русия чанд сол пеш расонаӣ шуда буд ва аз сӯйи гурӯҳҳои гуногун ба баррасӣ кашида шуд. Чунин мисолҳо, мутаассифона, бисёранд ва далели бемаърифатию бесаводии тоифаи таассубзада мебошанд.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ батакрор таъкид намуданд, ки мо китоби Қуръонро ба забони тоҷикӣ чоп кардем, то мардум хонанду мағзу маҳаки онро дарк кунанд ва аз таассубу хурофот парҳез намоянд. Дар ин ҳолат оҳиста-оҳиста заҳрпечаки таассубу хурофот решакан хоҳад шуд.
Боиси нигаронист, ки то имрӯз баъзе содапиндорон бо умеди раҳоӣ аз банди мушкил дари фолбинҳоро мекӯбанд ва ба ҳазёни онҳо бовар мекунанд. Тақрибан моҳе нест, ки хабари боздошти фолбине аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар расонаҳо нашр нашавад. Ба фолбин умед бастан дар замони муосир ниҳояти ҷаҳолату хурофотзадагист. Аз забони устод Фарзона бояд гуфт, ки:
Бирав, эй фолбини фолгардон,
Ки ман дорам Худои ҳолгардон!
Вақтҳои охир ба ном табибони халқие пайдо шудаанд, ки мехоҳанд дардмандонро бо “усулҳои нав” табобат кунанд. “Табиби халқӣ”-е ахиран аз ҷумҳурии ҳамсоя сар баровард, ки ба қавли худаш бо ламси даст метавонад дардро аз тани бемор дур кунад. Аҷобат ин ҷост, ки бештари муштариёни ӯ занонанд. Навори “табобат”-и ин “табиби охирзамон” дар интернет хеле чархид ва таваҷҷуҳи бисёриҳоро ҷалб кард. Боиси хиҷолат аст, ки баъзе занони тоҷик ҳам фирефтаи наворҳои ӯ шуда, ба наздаш рафтаанд. Хушбахтона, ин табиб аз сӯйи мақомоти давлатӣ боздошт ва муҷозот шуд. Ин ҳодиса чӣ тавр амиқ реша давонидани ҷаҳолатро дар зеҳну мағзи мо нишон медиҳад.
Тавре ки аз нуктаҳои ба ин масъала вобастаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, Пешвои миллат хурофоту таассубро сахт маҳкум мекунанд ва аввалтар аз ҳама, донишу огоҳиро сипари ин балоҳо медонанд. Аз ҳамин ҷост, ки дар ин санади муҳим зимни баррасии соҳаи маориф ба ин масъала низ ишора шуд.
Имрӯз дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон кӯдакистону мактабҳои муосир бунёд ёфтаанд ва ҳеҷ рустои дурдасте нест, ки мактаби замонавӣ надошта бошад. Яъне барои хуб таҳсил кардану илм омӯхтан ва касби камол кардан тамоми шароит муҳайёст. Чанде пеш блогери эроние таассуроташро аз сафар ба нуқтаҳои гуногуни мамлакатамон дар наворе изҳор дошт, ки хеле ҷолиб аст. Ӯ бо шефтагию ҳайронӣ иброз намуд, ки дар дурдасттарин маконҳои Тоҷикистон мактабҳои наву муосир бунёд шудаанд ва инро дар кам кишваре мушоҳида мекунем.
Чунин аст таваҷҷуҳу ғамхории давлату Ҳукумати мамлакати мо ба маориф, ки ҳатто хориҷиёнро ба ҳайрат овардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ падидаҳои муҳими соли 2025-ро ёдовар шуданд, ки яке аз онҳо чоп ва тақдими «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и ҷовидонаи Ҳаким Фирдавсӣ ба мардум аст. Гуфта шуд, ки «дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Зеро мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад».
Ин ибтикори беназирро метавон ниҳояти арҷгузорӣ ба фарҳангу адабиёти миллиамон донист. Пешвои миллат аз оғози фаъолияти роҳбарияшон ба фарҳангу таъриху тамаддун ва бузургдошти шахсиятҳои ифтихорофарини миллиямон эҳтироми хосса доштанд ва бо эътимод гуфтан мумкин аст, ки ин арҷгузорию гиромидошт ҳоло ба авҷи аълои худ расидааст. Вақте ки хабари нашр ва тақдими “Шоҳнома” ба мардум дар расонаҳо интишор ёфт, хориҷиён, махсусан ҳамзабононамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо камоли ҳайрату шефтагӣ аз он истиқбол карданд ва ба Сарвари давлати мо таҳсину офарин хонданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки имсол баргузор мешавад, аз дигар ибтикорҳои хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат аст, ки дар шароити имрӯз манфиати фаровон дорад ва бешубҳа, барои тақвияти эҳсоси ватанпарастӣ ва фарҳангитар шудани ҷомеаи мо мусоидат мекунад. Зеро «Шоҳнома» асарест, ки дар сафҳа-сафҳаи он хираду дониш, ифтихори ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум ва ойини кишвардориву кишварсолорӣ ба таври барҷаста бозтоб ёфтааст. Аз ин рӯ, хонишу дарку ҳазми он барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва хештаншиносии мо аҳаммияти хеле бузург дорад. Боиси саодатмандии мост, ки Сарвари давлатамон ин нуктаҳоро накӯ дарёфтаанд ва барои интишори ҳарчи бештари идеяи меҳанпарастӣ аз тариқи чунин шоҳкорҳои адабӣ талош меварзанд.
Воқеан, мутолиаи амиқи «Шоҳнома» ва «Тоҷикон» пайванди моро бо замони пешини таърихӣ ва тамаддуни пурифтихорамон қавитар мекунад. Ҳоло, ки ин шоҳасарҳо ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон тақдим шуданд, зарур аст мо барои тавзеҳу тафсири муҳтаво ва тарғиби онҳо ҳама василаҳоро истифода кунем, то мардум онро бо диққат мутолиа кунанд. Хушбахтона, ҳоло дар телевизионҳо чанд барномае дар ин замина пахш мешаванд, ки барои бинандагон пурманфиатанд. Агар барои тарғиби бештар ва таъкиди аҳаммияти ин асарҳо донишмандони огоҳ бо мардум суҳбат кунанд, кори хубе хоҳад шуд.
Дар ҳеҷ як Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарҳангу адаб чун воситаҳои муҳимми ҳувиятсоз фурӯгузор намешаванд ва аз як Паём то Паёми дигар ба таври густардатар мавриди таҳлил қарор мегиранд. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 низ ба соҳаи фарҳанг, махсусан ба адабиёт ва чеҳраҳои тобноки адабӣ диққати махсус дода шуд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО қатънома дар бораи таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 қабул гардид. Ин боз як ташаббуси камназир дар арсаи байналмилалӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги адабии мост.
Нахустбонуи суханвари тоҷик Робиаи Балхӣ, ки дар садаҳои 9-10 зиндагӣ ва эҷод кардааст, воқеан аз шоирони тавонманду барҷастаи тоҷик буда, ашъораш бо диду назари нозук, латофати баён ва шириниву шевоӣ маълум аст. Тавре ки муаллифи китоби “Робиаи Балхӣ ва ашъори Ӯ” Анзурат Маликзод навиштааст, “Робиаи Балхӣ яке аз он суханварони тавоноест, ки девони осорашон бар асари ғоратгариву фарҳангсӯзии ғосибони таъриху адаби порсии дарӣ ба нобудӣ рафтааст”. Вале ҳамин ашъори андаке, ки аз ин шаҳбонуи шеъри мо ба ёдгор мондааст, нишони он аст, ки бонувони тоҷик дар ҳамон замон ҳам (1000 сол пеш) суханвару адабпарвар ва донишгустару зебоифарин буданд. Бинобар ин, бузургдошти Робиаи Балхӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои шинохти бештари шахсияту осори ӯ тадбири хеле муҳим мебошад. Бо баҳонаи ин ҷашн шояд асарҳои пажӯҳишии тозае ҳам рӯйи кор меоянд. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз шудани ин рӯйдоди муҳими адабӣ далели адабпарварии Роҳбари давлатамон аст.
Муждаи дигари Пешвои миллат, ки пиру ҷавони мамлакатро шоду мутаассир кард, таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахтамон аст, ки воқеан тадбири қобили ситоиш мебошад. Тавре ки Пешвои миллат баён доштанд, “боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оийну суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидона ба мерос гузоштаанд”.
Марказҳои мазкур метавонанд маҷмуи мероси фарҳангию таърихии дар дарозои асрҳо офаридаи тоҷиконро ба ҳам оварда, ба конуни бузурги фарҳангу тамаддун табдил ёбанд. Ба ин васила ин нукта ҳам гӯшзад мешавад, ки сарзамини мо хостгоҳи асосии тамаддуни ориёӣ будааст ва арзишҳои фарҳангию тамаддунӣ аз ҳамин ҷо ба дигар гӯшаҳои қаламрави Ориёнои бузург густариш ёфтаанд. Бо таъсиси ин марказҳо Душанбеи азизи мо ба конуни бузурги фарҳангу тамаддун табдил хоҳад шуд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон шуд. Ин мо, аҳли адабро водор мекунад, ки пеш аз ҳама, барои тарғибу тарвиҷи фарҳангу тамаддуни деринсоламон ва арзишҳои миллиямон хомаронӣ кунем, ба ҷанбаи ватандӯстонаи асарҳоямон диққат диҳем, барои офариниши асарҳои дархури ин фарҳангу тамаддуни бузург бештар талош варзем. Барои расидан ба ин хостаҳо ин санади муҳим ба мо ангеза ва таҳрик медиҳад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад






