НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд меёбад

Январь 26, 2026 09:43

ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти минбаъдаи пурсамари муассисаҳои фарҳангии мамлакат ва ҳалли маҷмуии мушкилоти мавҷудаи соҳа аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои «Консепсияи муаррифии фарҳанги миллӣ барои солҳои 2026-2040», «Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат, рассомӣ ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ба тасвиб расидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим ва номинатсияи миллии «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул карда шуд. Дар ин зимн, эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” ва қабули қарор дар бораи бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ (солҳои 2026–2027) далели ҷойгоҳи хоси фарҳанги тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон соли 2025 дар 65 чорабинии илмию фарҳангӣ, фестивалу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар 21 давлати ҷаҳон иштирок ва фарҳанги миллиро муаррифӣ намуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2026 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон