НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст

Январь 30, 2026 16:15

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро, ки солҳои пеш қабул гардидааст, таҳриру такмил дода, ба он зиёда аз ҳазор номи тозаэҷоди ориёии тоҷикӣ ворид намуд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумита Сахидод Раҳматуллозода.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи қарори феҳристи мазкур бо назардошти хулосаҳои дастгирии вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ва қабули қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

«Дар назди Кумита оид ба баррасӣ ва дар таҳрири нав қабул намудани «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ фаъолияти худро мунтазам идома дода, дар давраи ҳисоботӣ 6 маротиба ҷаласа доир намуд», -афзуд раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Иттилоъ дода шуд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ба 379 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд дар асоси хулосаи Комиссияи номгузории номҳои миллии назди Кумита хулоса пешниҳод намуд.

Иброз гардид, ки хулосаҳои пешниҳодшуда тибқи талаботи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» оид ба номгузории фарзанд, ивази ному насаб ва дуруст навиштани он дар шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дода шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2026 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад