НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар телевизионҳои Тоҷикистон 145 лоиҳа ва барномаи нав таҳия ва пахш гардид
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 тавассути телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии мамлакат 145 лоиҳа ва барномаи нави телевизионӣ таҳия ва пахш карда шуд. Дар ин давра сабт ва пахши филмҳои мустанад аз мавзеъҳои таърихии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуд. Дар ин хусус 26 январ зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз шуд, ки ҳамаи ин филмҳо бо истифода аз зернависҳо ба забони англисӣ таҳия гардидаанд. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ ба воситаи «Телевизиони Тоҷикистон» рубрикаи алоҳида оид ба нақши донишмандони тоҷик дар поягузорӣ ва ташаккули илми башарият амалӣ гардид, ки ин тарҳ низ бо зернависи англисӣ тарҷума гардидааст.
«Дар давраи ҳисоботӣ нахустин маротиба телевизиони «Синамо» аз корнамоии қаҳрамонони Неругоҳи барқи обии «Роғун» филми бадеии «Неруи ишқ»-ро сабт намуд. Ҳоло танзими филм ҷараён дошта, рӯзҳои наздик он тавассути телевизион пахш мегардад», – иттилоъ дод Носир Саидзода.
Гуфта шуд, ки соли 2025 дар шабакаҳои радиоии ҷумҳуриявию минтақавӣ дар маҷмуъ 68 бахш ва барномаи нави радиоӣ таҳия карда шуд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






