НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд

Январь 28, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба кумаки аввалини тиббӣ соли 2025 дар ҷумҳурӣ 113 муассисаи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода хабар дод.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон сохтмони 83 муассисаи дигар идома дорад, ки 57 адади он муассисаи кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ ва 26 адад муассисаҳои госпиталӣ аст. Инчунин 301 муассиса таъмир гардида, дар 59 муассисаи дигар  таъмири асосӣ идома дорад

Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки соли 2025 шумораи катҳои муассисаҳои тандурустӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 50 448 адад, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ – 42 589 катро ташкил медиҳад. Давоми соли 2025 аз ҳисоби муассисаҳои тибби хусусӣ  382 адад кати дигар зиёд шуд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар доираи фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тақвият бахшида шуда, бо мақсади таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ фаъолият дорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид