НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?

Январь 30, 2026 11:15

ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» имзо намуданд. Оё Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тавзеҳи ин қонун тафсири онро нашр менамояд? Вобаста ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза Давлатзода директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саизода чунин посух дод:

«Яке аз вазифаҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсири санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунҳо мебошад. Ҳар моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба воҳидҳои сохторӣ барои тафсир намудани он тақсим гардидааст. Дар нақша аст, ки то охири моҳи феврал тафсири қонун нашр ва дастраси хонандагон гардонида шавад», — афзуд Изатулло Саизода.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки қонунгузор, пеш аз ҳама, меъёрҳоеро пешбинӣ мекунад, ки субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ иҷрои онҳоро таъмин намоянд. Агар дар оянда мушоҳида гардад, ки меъёрҳои қонун вайрон карда мешаванд, қонунгузор метавонад аз салоҳияти худ истифода намуда, ҷавобгариро дар ин самт пешбинӣ ва ё пурзӯр намояд.

«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 6 бобу 16 модда иборат буда, масъалаҳои принсипҳои асосии мақоми омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор, маҳдудият ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, кафолату ҳавасмандгардонӣ барои омӯзгор ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи ин қонунро дар бар мегирад», — гуфта шуд дар нишаст.

Изатулло Саизода афзуд, ки дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ яке аз принсипҳои ин қонун мебошад. Агар дилхоҳ нафар- шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба дахлнопазирии омӯзгор дахолат кунад, дар ин самт қонунгузор ҷавобгариҳое, ба монандаи ҷавобгарии маданӣ ва ё маъмуриро пешбинӣ менамояд. Агар амалу рафтори дахлнопазирӣ вазнин бошад, дар қонунгузорӣ ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ карда шудааст.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 бо мақсади дар амал татбиқ намудани консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ доир ба 17 консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ корҳоро пеш бурда, иҷрои онро таъмин намуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2026 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»