ОГОҲӢ. Аз 27 то 29 январ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 январ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хавфи бештари фаромадани тарма пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 28 январ ва шабонаи 29 январ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хавфи бештари фаромадани тарма дар назар аст.
Фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе – Чанок (километрҳои 48–74), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин минтақаҳои Манем, Вуж, Тангив ва Бидуи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба вазъи номусоиди ҳаво ба шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд.
Ба масъулони соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки дар ин маврид тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






