Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. 29 августи соли 2025 оид ба баргузор намудани ин озмун Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ барои гиромидошти мероси бузурги адабӣ ва таърихии халқи тоҷик – «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом на танҳо таваҷҷуҳ ба асари классикии адабиёти халқи тоҷик, балки қадами устувор дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар дарозои таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад.
Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба мутолиаи амиқи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ буда, он дар баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ саҳми бориз дорад.
Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» аҳамияти муҳим дошта, эҳсоси масъулиятро дар ниҳоди ҳар фарди ватандӯсту меҳанпарвар бедор менамоянд.
«Шоҳнома» асарест, ки давоми беш аз ҳазор сол насли башарро дар руҳияи қаҳрамонӣ, ахлоқи воло, адолатпарварӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардааст. Ҳаким Фирдавсӣ бо заҳмати сисолаи худ достони безавол – «Шоҳнома» эҷод намуда, ба наслҳои оянда ганҷинаи бузурги адабӣ ва таърихиро, ки фарогири ормонҳои миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, адолатпарварӣ ва инсондӯстӣ мебошад, ҳадя сохтааст:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Қаҳрамонони «Шоҳнома» на танҳо шахсиятҳои асотирӣ, балки паҳлавонию таърихианд, ки намунаи ҷасорат, садоқат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми сарзамин, номусу шарафи ниёгони ориёитабори гузаштагони мо мебошанд. Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи худ моро ба ҳифз ва эмин нигоҳ доштани марзу бум ва дӯстдории Ватан, арҷ гузоштан ба мероси адабии гузаштагони худ, худшиносиву худогоҳӣ талқин менамояд. «Шоҳнома» саропо даъват ба ифтихору шарафмандӣ, қаҳрамонию матонат, далериву шуҷоат ва ватандӯстӣ аст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
«Шоҳнома» ҳамчун мактаби ахлоқ ва хештаншиносӣ то имрӯз аҳамияти баланди ватандӯстӣ дошта, Абулқосим Фирдавсӣ дар баробари ба мо шиносонидани таъриху асолати ориёӣ ҳамзамон барои пос доштани забони ноби тоҷикӣ саҳми сазовор гузоштааст. Маҳз осори пурарзиши безаволи гузаштагони мо дар мисоли «Шоҳнома» ҳастанд, ки то имрӯз забони мо поку беолоиш боқӣ мондааст.
Ба хотири пос доштани асари безавол ва ба мерос гузаштани он ба наслҳои оянда соли 2025 аз ҷониби Пешвои миллат «Шоҳнома»-и Ҳаким Абдулқосими Фирдавсӣ ба ҳар хонадони ҷумҳурӣ тақдим гардид, ки ҳадафи он шиносонидани аҳолии мамлакат бо таърихи пурғановати миллат мебошад. Чунончи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 иброз намуданд: «Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд».
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026 ба густариши маърифати адабӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумихалқӣ замина гузошта, ҷомеаи моро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.
Суҳайлӣ ҒАФУРЗОДА,
корманди дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»








Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд






