Пагоҳ дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Кумитаи рушди маҳал (кӯчаи Теҳрон, 21, назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1) нишасти матбуотӣ соати 08:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ (кӯчаи Теҳрон, 21, назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1) соати 09:00 доир мегардад.
Дар Саридораи геология нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ соати 11:00 доир мегардад.
Дар Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат соати 08:00, дар Донишгоҳи аграрӣ соати 09:00 ва дар Донишгоҳи славянӣ соати 10:00 доир мегарданд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






