ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
ДУШАНБЕ, 03.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар партави сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба марҳилаи навбатии такмили сохторӣ, рушди иқтидори зеҳнӣ, таҳкими ҳамкории илмӣ-саноатӣ ва ворид шудани ташаббусҳои инноватсионӣ ба сатҳи амалии истеҳсолот табдил ёфт. Чунин нигоштааст дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар» директори Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умед Муродзода, ки дар зер шакли пурраи он пешниҳод мегардад.
-Дар робита ба эълон гардидани Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030) нақши паркҳои технологӣ дар муҳити донишгоҳӣ ва фазои инноватсионии мамлакат боз ҳам муҳим гардида, ба яке аз платформаҳои муассири ҳамгироии дониш, илм, технология ва истеҳсолот мубаддал шуд.
Соли 2025 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва талошҳои пайвастаи кормандони парк Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас дар самти инноватсия ва татбиқи технологияҳои нав ноил гардид. Инҳо самтҳои афзалиятноки рушд, густариши ҳамкорӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолию илмиро дар бар мегиранд.
Дастовардҳои асосӣ ва нишондиҳандаҳои умумӣ
Дар соли ҳисоботӣ фаъолияти Парки технологӣ ба натиҷаҳои зерин ноил гардид:
— Иштирок дар 57 чорабинӣ (форум, семинар, ҳамоиш, омӯзиш, намоишгоҳ);
— 12 ҳамкории нави стратегӣ ва Ёддошти тафоҳум;
— 3 лоиҳаи навоварона ба истеҳсолот ворид гардид;
— 3 озмун ва 2 форум дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд;
— мазмуни истеҳсолӣ — 4 самти нави маҳсулот илова гардид;
— шумораи волонтёрон: афзоиш +40% нисбат ба соли 2024;
— иштирок дар 8 чорабинии байналмилалӣ;
— ифтитоҳи синфхонаи нави замонавии омӯзишии гиёҳдармонӣ;
— баргузории Озмуни умумидонишгоҳии «Ихтироъкорони ояндасоз — 2025».
Самтҳои афзалиятноки фаъолият
— Эълон ва ҷамъбасти озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони «Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия: роҳи Тоҷикистон ба ояндаи дурахшон»;
— ташкили ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ;
— ҷорӣ намудани барномаи «Далелҳои ҷолиб» бо тамоюли рақамисозӣ;
— таҳкими мафкураи илмӣ дар байни ҷавонон;
Пайвастани илм бо истеҳсолот
— Ташкили даврҳои амалии саноатӣ ва дӯзандагӣ;
— Омӯзиши стандартҳои GMP;
— Ҷорӣ намудани таҷрибаи истеҳсолии воқеӣ барои донишҷӯён;
— зиёда аз 70 донишҷӯ малакаҳои амалии истеҳсолӣ гирифтанд;
– 2 маҳсулоти намунавӣ ба санҷиши бозор ворид шуд.
Пайвастан ба экосистемаи миллӣ ва байналмилалӣ
— иштирок дар форумҳо, конференсияҳо, ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳо;
— имзои созишномаҳои ҳамкорӣ бо: IT-Park Dushanbe, ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона», паркҳои технологӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ.
Фаъолияти волонтёрон ва иқтидори инсонӣ
— ташкили 10 тренинг ва даврҳои омӯзишӣ;
— иштироки фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ;
— густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва масъулиятшиносӣ.
Шарикӣ, ҳамкорӣ ва таъсири иҷтимоӣ
— густариши ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ;
— ҷалби соҳибкорони ватанӣ;
— мусоидат ба рушди иқтисоди «сабз» ва зеҳни сунъӣ.
Самтҳои афзалиятноки рушд барои соли 2026
Ташкили инкубатори мукаммали стартапҳо;
Ҷорӣ намудани маркази омӯзишӣ оид ба зеҳни сунъӣ;
Бештар намудани маҳсулоти истеҳсолӣ ва хати технологӣ;
Ҷалби сармоя ва грантҳои байналмилалӣ;
Тавсеаи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ;
Баланд бардоштани иқтидори таҳқиқоти илмӣ.
Дастовардҳои муҳим дар соли 2025
- Бо иштироки кормандони Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» омода ва рӯйи чоп оварда шуд, ки барои такмили заминаи ҳуқуқии фаъолияти паркҳои технологӣ аҳамияти баланд дорад;
- Лоиҳаи Парки технологӣ дар Озмуни миллӣ барои дарёфти ҷоизаи 3ZERO дар байни қариб 40 лоиҳа ба “Панҷгонаи беҳтарин” дохил гардид;
- Кормандони Парки технологӣ пас аз таҳсил дар семинари байналмилалӣ оид ба ҷустуҷӯ дар манбаъҳои патентӣ ва фаъолияти МДТИ сертификатҳои байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро дарёфт намуданд;
- Дар чорабинии инноватсионии «IT-Гап 4» Парки технологӣ барои ҳамкории самарабахш ва саҳми муассир дар рушди иқтидори илмӣ-таълимӣ бо Сипосномаи ташкилоти ҷамъиятии «Илмхона» қадрдонӣ карда шуд;
- Намояндагони Парки технологӣ дар семинари сатҳи баланд оид ба риояи чаҳорчӯби шаффофият тибқи Созишномаи Париж иштирок намуда, дар баррасии сиёсати иқлимӣ саҳм гузоштанд;
- Парки технологӣ барои саҳми назаррас дар рушди ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ва дастгирии стартапҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.
Соли 2025 барои Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон на фақат соли ба даст овардани натиҷаҳои мушаххаси илмию амалӣ, балки давраи ташаккули марҳилаи нави рушд, устуворшавии ҷойгоҳ дар экосистемаи миллӣ-инноватсионӣ ва боз ҳам равшан гардидани рисолати иҷтимоӣ, илмӣ ва стратегӣ гардид. Дар ин давра Парки технологӣ на танҳо ҳамчун воҳиди ёридиҳанда, балки чун маркази тавлиди дониш, ташаббусҳои инноватсионӣ, таҳияи ҳалли муосири технологӣ ва робитасози илм бо истеҳсолот баромад намуд.
Дастовардҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти Парки технологӣ ба ҳадафҳои миллӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, рушди илм ва таҳкими иқтидори инсонӣ ҷавобгӯ буда, дар баробари иҷрои вазифаҳои таълимӣ-таҳқиқотӣ ба омода сохтани мутахассисони дорои ҷаҳонбинии инноватсионӣ, малакаҳои амалӣ ва тафаккури созанда мусоидат менамояд.
Ҳамгироии донишҷӯён, пажӯҳишгарон, корхонаҳо ва созмонҳои шарик собит сохт, ки Парки технологӣ ба пули мустаҳками робитаи дониш ва бозори воқеии меҳнат табдил меёбад.
Бо ба роҳ мондани барномаҳои омӯзишӣ, ташаббусҳои волонтёрӣ, лоиҳаҳои стартапӣ, таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Парки технологӣ нишон дод, ки дорои таъсири иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмӣ-амалӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ифтитоҳи синфхонаҳои нав, ҷорӣ шудани унсурҳои истеҳсолӣ, иштироки фаъол дар чорабиниҳои миллию байналмилалӣ ва дохил шудан ба қатори беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ далели он аст, ки самти интихобшуда дуруст, муосир ва дорои дурнамои бузург мебошад.
Дастовардҳои соли 2025 ҳамзамон масъулияти навро низ тақозо мекунанд. Дар марҳилаи оянда Парки технологӣ бояд на танҳо натиҷаҳои бадастомадаро нигоҳ дорад, балки самтҳои нав, аз ҷумла инкубатсияи стартапҳо, рушди зеҳни сунъӣ, такмили маҳсулоти истеҳсолӣ, тавсеаи хатҳои технологӣ ва густариши ҳамкории байналмилалиро ба сатҳи баландтар барорад.
Бо такя ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва меҳнати фидокоронаи кормандон метавон бо итминон гуфт, ки соли 2026 барои парк соли густариши ҳадафманд, татбиқи амалии лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҷалби сармоя, болоравии иқтидори захираҳои инсонӣ ва тақвияти мавқеъ дар фазои илмӣ-технологии мамлакат хоҳад шуд.
Пешрафти Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шаҳодати равшани он аст, ки инноватсия на танҳо василаи рушди иқтисодӣ, балки фарҳанги нави тафаккур, масъулият, эҷодкорӣ ва хизмат ба Ватан мебошад. Маҳз ҳамин ҷаҳонбинӣ Парки технологиро ба яке аз унсурҳои муҳимми экосистемаи инноватсионии миллии Тоҷикистон табдил дода, заминаи устувори ҳаракат ба сӯи ояндаи рақобатпазир, муосир ва тавоноро мегузорад.
Ҳамин тариқ, соли 2025 Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба марҳилаи нав — марҳилаи устувори рушди инноватсионӣ ва ҳамгироии илм бо истеҳсолот қадам гузошт. Бо такя ба дастовардҳои бадастомада дар соли 2026 самтҳои асосӣ татбиқи амалии лоиҳаҳо, ҷалби сармоя, рушди иқтидори инсонӣ ва тавсеаи фаъолияти истеҳсолӣ хоҳанд буд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон барои ихтисосҳои нав ва рушди корҳои илмӣ иҷозатнома гирифт
Доир ба бемории диабети қанд, роҳҳои пешгирӣ ва табобати он конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Маркази миллии тестӣ соли 2025 довталабон аз рӯйи 867 ихтисос ҳуҷҷат супориданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 6 неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода шуд
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 91 дастуру воситаи таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ нашр намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ихтисоси амнияти системаҳои автоматикунонидаи коркарди иттилоот таъсис ёфт






