Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Хаттоф вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар самти сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз иқтидори мавҷудаи иқтисодии Ҷумҳурии Точикистон, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ислоҳоти анҷомдодаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ ёдовар шуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки таҳкими ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба манфиати ҳарду кишвар мебошад.
Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми иқтисод баён дошт.
Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки мо ҷонибдории худро барои пешрафти муносибатҳои сармоягузорӣ байни давлатҳоямон изҳор намуда, табодули таҷриба, ташкили муколамаи доимӣ, анҷом додани сафарҳоро ба хотири фаъол намудани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ, инчунин иштирок дар чорабиниҳои тарафҳо дар ин самт зарур меҳисобем.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






