РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 18.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фарҳанги пурғановат ва ҳунарҳои мардумии қадимӣ яке аз марказҳои муҳими ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва рушди санъати ҳунарҳои дастӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад. Имрӯз дар вилоят 359 ҳунарманд фаъолият дошта, маҳсулоташонро дар намоишҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва марказҳои фурӯши маҳаллӣ ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Заррина Мирзозода дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки бо мақсади эҳё, рушд ва ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, дар вилоят Ассотсиатсияи ҳунармандони Бадахшон таъсис дода шудааст. Фаъолияти ин ассотсиатсия боис гардид, ки теъдоди зиёди ҳунарҳои қадимии мардумӣ дубора эҳё гардида, дар маҳалҳо ба ҷавонон омӯзонида шаванд. Имрӯз ҳунармандон бо дастгирии ассотсиатсия имкони муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти дасти худро ба сайёҳон ва мардуми маҳаллӣ доранд.
Инчунин дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ Маркази фурӯши маҳсулоти Ассотсиатсия ҳунармандони Бадахшон бунёд карда шудаааст. Ин марказ ба ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят имконият медиҳад, ки маҳсули дасташонро барои намоиш ва фурӯш ба аҳолӣ ва сайёҳон пешниҳод намоянд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ин марказ беш аз 150 ҳунарманд маҳсулоти гуногуни дастӣ, аз ҷумла ҷӯроб ва тоқиҳои бадахшонӣ, маснуоти мӯҳрабофӣ, кӯрпаҳои анъанавӣ, қолинҳои дастӣ, маҳсулоти заргарӣ ва асбоби мусиқии миллӣ пешниҳод мекунанд. Ҳар меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ дар ин маркази фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ бо ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги қадимаи кӯҳистони Бадахшон шинос мегардад.
Бояд гуфт, ки воридшавии сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар чанд соли охир зиёд гардида, маркази фурӯши маҳсулоти дастӣ ба макони муҳими ҷалби таваҷҷуҳи меҳмонон табдил ёфтааст. Ҳар сайёҳ барои шиносоӣ бо фарҳангу ҳунарҳои қадимии мардуми Бадахшон ҳатман ба ин марказ меояд.
Ба иттилои Заррина Мирзозода, соли 2025 18 ҳунарманди вилоят сазовори гранти президентӣ гардид, ки нисбат ба соли 2024 5 адад зиёд мебошад.
«Лоиҳаҳои гирандагони гранти президентӣ дар соли 2025 асосан дар самтҳои ташкил намудани гармхона, меҳмонхонаи сайёҳӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, марказҳои ҳунармандӣ ва сардхона пешниҳод гардидаанд. Ин ҳунармандон мехоҳанд бо маблағи гранти президенӣ фаъолияти худро рушд дода, дар вазъи иқтисодии оилаашон ва вилоят саҳм гузоранд», – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят инчунин марказҳои омӯзишии ҳунармандӣ фаъол мебошанд, ки барои тайёр кардани ҷавонон ва бекорон дар самти ҳунарҳои мардумӣ ва малакаҳои касбӣ хизмат мекунанд. Дар ин марказҳо шаҳрвандон бо усулҳои муосир ва талаботи бозори меҳнат шинос шуда, пас аз хатм имконият доранд фаъолияти худро дар соҳаи ҳунармандӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монанд. Ин на танҳо ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, балки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва эҷоди ҷойи нави кор низ мусоидат мекунад.
Ҳунармандон дар Бадахшон имрӯз на танҳо ҳифзкунандаи анъанаҳои қадим ва мероси фарҳангии ниёгон, балки сарчашмаи рушди иқтисоди маҳаллӣ, таблиғи фарҳанг ва ҷалби сайёҳон ба минтақа низ мебошанд. Фаъолияти онҳо боиси эҳё ва тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва эҷоди ҷойи нави кор мегардад. Онҳо ба ҷаҳон нишон медиҳанд, ки ҳунари мардумӣ дар кӯҳистон на танҳо арзиши фарҳангӣ дорад, балки манбаи хуби иқтисодӣ низ мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






