«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад

Январь 27, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 31 январи соли равон барои меҳмонону сайёҳони пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» ройгон ташкил карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадаф аз ташкили хатсайри сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Сада арзёбӣ мегардад.

Хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» бо иштироки намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ташкил карда мешавад. Роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир ба имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод мекунанд.

«Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳони худро дар хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel) ва почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2212561; 777000443; 555080303; 003881616 (тариқи WhatsApp, Telegram) номнавис намоянд ва аз хатсайрҳои мазкур ройгон истифода баранд», — таъкид намуданд дар шуъбаи рушди сайёҳӣ.

Ҷамъшавии иштирокдорон соати 08:00-и 31 январ дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ҳаракат соати 08:30 ба макони таҷлили ҷашни Сада – Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон метавонанд барои муаррифии таъриху фарҳанг, урфу одат, имконияти сайёҳии мамлакат ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ хизмат намоянд.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/Dushanbe-travel

Январь 27, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид