Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор қариб 70 км роҳ мумфарш карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 дар шаҳри Ҳисор бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорону аҳолӣ қариб 70 километр роҳҳо мумфарш ва даҳҳо километри дигар сангфаршу бетонпӯш гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки сокинони шаҳри Ҳисор дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) раванди корҳои ободонию созандагиро тақвият медиҳанд.
Дар иртибот ба вусъати корҳои ободонӣ ташаббускорони таъмири роҳи деҳаҳои Чангоб-Искич-Нилуи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ барои иқдоми созандаашон-мумфаршкунии роҳи мазкур, ки марҳилаи якумаш ба анҷом расида, барои идомаи марҳилаи дуюм тасмим гирифта шудааст, қадршиносӣ карда шуданд.
Дар ҳамоиш бахшида ба дастовардҳои роҳсозон роҳҳо пайвандгари наслҳову асрҳо ҳисобида шуда, роҳсозӣ амали хайр ва муттаҳидкунандаи мардум маънидод гардид.
Гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ саъю талош менамоянд. Бо ин амали нек дар ободонию шукуфоии як гӯшаи ҷумҳурӣ саҳми муҳим мегузоранд, зеро ободонию созандагӣ рисолати азалии ҳар шахси ватандӯст аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






