Таҳкими ҳамкории илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ гардид

Январь 28, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса 27 январ дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, ҷонибҳо роҳҳои густариши робитаҳо байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Фаронса, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷрибаи илмӣ ва рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки илмиро муҳокима намуданд.

Инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти забон ва таърих, гузаронидани омӯзишҳо ва таҳқиқоти илмӣ байни донишҷӯён ва муҳаққиқон дар мавзеъҳои таърихӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар анҷом тарафҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 28, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид